Дар Душанбе масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ баррасӣ гардид

Октябрь 7, 2017 09:52

ДУШАНБЕ, 07.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Роҳҳои баланд бардоштани таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар Душанбе  зимни баргузории ҳамоиш таҳти унвони «Тоҷикистон- 2030: таъмини амнияти озуқаворӣ ва истеъмоли ғизо» баррасӣ гардид.

Ҳамоиш бо иқдоми Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда,  дар он олимон ва коршиносону мутахассисони  варзидаи ниҳодҳои гуногуни кишвар ширкат намуда, доир ба роҳҳои афзалиятноки таъмини амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

Ба андешаи Фарида Муминова, муовини  директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  таъмини амнияти озуқаворӣ  дар рушди иқтисодиёти кишвар яке аз масъалаҳои калидӣ ба шумор рафта, дар ин  самт Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон тадбирҳои самарабахш андешидааст.

Таъкид шуд, ки қабули як қатор барномаҳои давлатӣ дар самти таъмини амнияти ғизоӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шудаанд, қадами муассирест  дар масъалаи таъмини яке аз се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ.  Зикр шуд, ки яке аз омилҳои асосии  баланд бардоштани  таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар  таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва дар ин замина баланд бардоштани  ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, дастрасии тухмии хашсифат, тақвияти комплекси чорводорӣ, хусусан афзоиши саршумори чорвои хушзот, оқилона ва самаранок истифода намудани заминҳои  корами обӣ, бунёди боғу токзор дар заминҳои лалмӣ, ташкил ва афзоиш додани масоҳати гармхонаҳо, инчунин бунёди сарддхонаҳо барои тару тоза нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини хоҷагиҳо ва дар маҷмӯъ бахши аграрии кишвар бо техникаи муосири кишоварзӣ мебошад.

Дар ҳамоиш олимону коршиносони соҳа  доир ба паҳлӯҳои гуногуни таъмини амнияти озуқаворӣ, хусусан нақши об дар рушди  иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар,  асоснок намудани  меъёрҳою арзиши  амнияти озуқаворӣ ва  таъминоти нақлиётии амнияти озуқавории Тоҷикистон табодули назар карданд.

Октябрь 7, 2017 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид