Дар Душанбе муовини сардори Сарраёсат-сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо барои гирифтани пора дастгир шуд

Октябрь 3, 2017 15:45

ДУШАНБЕ, 03.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябри соли равон ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд «А» бо ариза муроҷиат намуд, ки муовини сардори Сарраёсат-сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурализода Аскар Шералӣ барои дохил намудани лоиҳаи ташкил ва рушди соҳаи мурғпарварӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020 ва дар ин замина мусоидат кардан барои ба номбурда ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ба миқдори 10 млн. доллари ИМА, аз ў ба сифати пора 10% маблағи ҷудошаванда, яъне 1 млн. доллари ИМА талаб намудааст, ки мувофиқи маслиҳати тарафҳо шаҳрванд «А»  500 000 доллари ИМА-ро то иҷрои амали ваъдашуда ва қисми дигари он- 500 000 доллари ИМА-ро баъди иҷрои ин амал ба А.Ш. Нурализода ба сифати пора диҳад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, А.Ш. Нурализода дар идомаи амалҳои ҷинояткоронаи худ барои иҷрои ин амали ваъдашуда маротибаи дуюм ба сифати пора аз бинои истиқоматии бисёрошёна дар шаҳри Душанбе ба номи ҳамсараш Холиқова Савринисо Маҷидовна як хонаи истиқоматии се ҳуҷрагӣ ба маблағи 69 ҳазору 360 доллари ИМА талаб намудааст. Дар ин замина байни ширкати сохтмонии «В» ва шаҳрванд С.М. Холиқова аз 22 августи  соли 2017 шартномаи саҳмгузорӣ ба имзо расонида шудааст, ки дар асоси расиди даромади хазинавӣ қисми маблағи хонаи истиқоматӣ — 115 030 сомонӣ, баробар ба 13 222 доллари ИМА, аз ҷониби шаҳрванд «А» ба хазинаи ширкати сохтмонии «В» ба номи С.М. Холиқова пардохт карда шудааст. Инчунин А.Ш. Нурализода кирдорҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, барои мақсадҳои зикршуда боз аз шаҳрванд «А» ба сифати пора моҳҳои август ва сентябри соли 2017 маблағи 3200 сомонӣ ва 10 000 (даҳ ҳазор) доллари ИМА талаб карда гирифтааст.

А.Ш. Нурализода ба маблағҳои қаблан гирифтааш қонеъ нашуда, барои мусоидат намудан дар хусуси ҷудо гардидани маблағҳои грантӣ ба манфиати шаҳрванд «А» аз охирин боз ба сифати пора 500 000 доллари ИМА-ро талаб намудааст.

Ба иттилои Агентӣ, дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-тафтишотӣ 28 сентябри соли ҷорӣ, соати 19:00 муовини сардори Сарраёсат-сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии ш. Душанбе  Нурализода Аскар Шералӣ,  истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кўчаи Шамсӣ, хонаи 20/1, хуҷраи 11 бевосита баъди аз шаҳрванд  «А»  ба сифати пора гирифтани  маблағи 490 000 доллари ИМА, дар кўчаи Шамсии шаҳри Душанбе дар назди тарабхонаи «Афсона» дастгир карда шуда, далели шайъӣ-  490 ҳазор доллари ИМА аз ў ёфта гирифта шуд.

Зимни гузаронидани корҳои фаврӣ-тафтишотӣ аз манзили истиқоматӣ ва ҳуҷраи кории А.Ҳ.  Нурализода дигар далелҳои шайъӣ, аз ҷумла аз манзили истиқоматияш, воқеъ дар нишонии шаҳри Душанбе, кўчаи Шамсӣ, хонаи 20/1, хуҷраи 11 маблағи 10 000 доллари ИМА, ки қаблан барои ин амал гирифта буд, шартномаи саҳмгузорӣ барои манзили истиқоматӣ аз 22 августи соли ҷорӣ ва расиди даромади хазинавӣ ба маблағи 115 ҳазору 030 сомонӣ баробар ба 13 222 доллари ИМА, ки аз ҷониби шаҳрванд «А» ба хазинаи ширкати сохтмонии «В» ба номи С.М. Холиқова пардохт карда шудааст, ёфта гирифта шуд.

«Вобаста ба ҳолати мазкур 28 сентябри соли равон нисбат ба А.Ш. Нурализода бо моддаи 319, қисми 4, бандҳои «в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, корҳои тафтиши пешакӣ идома доранд»,-зикр намуд манбаъ.

 

Октябрь 3, 2017 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд