Дар Душанбе нахустин ҳамоиши ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи забони давлатӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мактаби байналмилалии президентӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе нахустин ҳамоиши ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар ҳифз ва гиромидошти забони тоҷикӣ ҳамчун сарвати бебаҳои миллат ва давлат» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиши мазкур намояндагон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати маориф ва илм ва Кумитаи забон ва истилоҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода изҳор намуд, ки ҳамоиши мазкур бо роҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои миллат ба хотири дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, қавигардонии дӯстии ҷавонони минтақаҳо, ба ин восита пайдо намудани истеъдодҳо ва рушд додани онҳо доир гардида, аз иқдомоти арзанда дар роҳи муаррифии ҷавонону наврасони донишманд, муҳассилини болаёқати муассисаҳои таълимии кишварамон арзёбӣ мегардад.
«Ҳамоиши «Саҳми Пешвои миллат дар ҳифз ва гиромидошти забони тоҷикӣ ҳамчун сарвати бебаҳои миллат ва давлат» бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ роҳандозӣ шудааст. Маҳз бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муносибат ва ғамхорӣ нисбат ба забони тоҷикӣ, ҳифзи асолату гиромидошту тозагии ин рукни муқаддаси давлатӣ сабаб гардид, ки имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун далели арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ эътироф гардидааст»,- гуфт Аҳтам Абдуллозода.
Дар ҳамоиш беш аз 300 нафар хонандагони фаъол ва донишҷӯёне, ки дар озмуну олимпиадаҳои мухталифи фаннӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ҷойҳои намоёнро соҳиб шудаанд, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар интиҳои ҳамоиш муроҷиатномаи ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қабул гардида, сипас аз ҷониби ҷавонон ва наврасони фаъоли шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






