Дар Конфронси байналмилалии Қоҳира Ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ-ро маҳкум карданд

Октябрь 25, 2017 14:52

ДУШАНБЕ, 25.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 17-19 октябри соли 2017 дар шаҳри Қоҳира зери сарпарастии Раиси Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ Конфронси байналмилалии «Нақши фатво барои дастёбӣ ба субот дар ҷомеа» баргузор шуд. Дар кори Конфронси мазкур бино ба даъвати расмии Муфтии Диёри Миср доктор Шавқӣ Аллом раиси Маркази Исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ҳамоиш, ки дар меҳмонхонаи «Алмоса»-и Қоҳира баргузор гардид, муфтиҳо, вазирони авқоф, роҳбарони созмонҳои байналмилалии исломӣ ва намояндагони динии 63 кишвари арабӣ ва ғайриарабӣ ширкат доштанд.

Дар маросими ифтитоҳ Имоми Акбар, Шайхи Азҳари Шариф доктор Аҳмад Тайиб, Муфтии Диёри Миср доктор Шавқӣ Аллом, Вазири додгустарии Миср доктор Ҳусом Абдураҳим, Муфтии Лубнон  доктор Абдулатиф Дарён, Раиси Шӯрои умури исломӣ ва авқофи Абу-Забии АМА доктор Муҳаммад Матар ал-Каъбӣ ва Дабири кулли робитаҳои ҷаҳонии исломӣ дар Маккаи Мукаррама доктор  Муҳаммад Абдулкарим Исо суханронӣ карданд.

Дар рӯзи аввали Конфронс ширкаткунандагон таъкид карданд, ки ҷаҳони ислом имрӯз ба мушкилоти гуногун, аз ҷумла, содир шудани фатво аз ҷониби нафарони ғайри аҳли фатво, ки боиси паҳн шудани афкори гумроҳкунанда дар байни ҷавонон мегардад, мувоҷеҳ гардидааст. Дар робита ба ин ва бо назардошти афзудани шумораи сомонаҳои паҳнкунандаи афкори ғалату ифротӣ аъзои Дабирхонаи муфтиёти исломиро зарур аст, ки барои пешгирии падидаи номатлуб муборизаро дар якҷоягӣ тақвият бахшанд.

DSC_0048Дар рӯзи дуюми Конфронс Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода дар толори асосӣ, ки дар он теъдоди зиёди меҳмонон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ ширкат доштанд, суханронӣ кард. Раиси Шӯрои уламо таъкид намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза бархе аз ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти ифротӣ мехоҳанд зери пардаи ислом бо роҳи гумроҳ кардани афкори ҷомеа ба ҳадафҳои аслии худ расанд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки соли 2015 яке аз чунин ҳизбҳо, ки аз оғози давраи истиқлолияти Тоҷикистон ҳамчун ҳизби исломӣ фаъолият мекард, ният дошт бо истифода аз фатвоҳои ғалат мардумро гумроҳ ва барои барҳам задани сохти конститутсионии кишвар истифода кунад. Аз тирамоҳи соли 2015 бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳизби террористиву экстремистӣ эълон шуда, фаъолияти он дар Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар мамнӯъ ва роҳбарону аъзои он дар пайгарди байналмилалӣ қарор доранд. Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар идомаи суханронии худ изҳори умедворӣ кард, ки бо ҳамтоёни худ дар чаҳорчӯби Конфронси мазкур ва Дабирхонаи муфтиёти ҷаҳон барои пешгирии содир шудани фатвоҳои ғалат ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Пас аз анҷоми ҷаласаи рӯзи дуюм нишасти Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон бо зиёда аз 15 нафар рӯзноманигорони ВАО-и арабӣ баргузор гардид. Дар нишаст атрофи чигунагии содир шудани фатво дар Тоҷикистон, ҳамкории Шӯрои уламои Тоҷикистон бо муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ ва хусусан фаъолияти тахрибии ТТЭ ҲНИТ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Дар ҳошияи ин Конфронс мулоқотҳои раиси Шӯрои уламо бо Имоми Акбар, Шайхи Азҳари Шариф доктор Аҳмад Тайиб  ва Муфтии Диёри Миср доктор Шавқӣ Аллом доир гардид. Ҳамзамон дар ҷараёни ин мулоқотҳо оид ба рушди ҳамкории судманд миёни Тоҷикистон ва Миср мубодилаи афкор сурат гирифта, душмани муштараки мардуми Мисру Тоҷикистон будани «Ихвонулмуслимин» ва ТТЭ ҲНИТ таъкид гардид. Ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани муборизаи муштарак бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии диние, ки худро бо либоси ислом ҷило дода, ба манфиати хеш суиистифода мекунанд, изҳори омодагӣ намуданд.

Дар мулоқот бо Муфтии Диёри Миср доктор Шавқӣ Аллом раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон барои даъват ҷиҳати иштирок дар кори Конфронси мазкур изҳори миннатдорӣ баён намуд. Ӯ таъкид кард, ки Миср дар интишори исломи васатия ва мубориза бо ақидаҳои ифротӣ ҳамеша нақши калидӣ дошт ва ташаббуси ҷониби мисрӣ барои ба ҳам овардани намояндагони соҳаи дини тамоми олами исломӣ ва таъсиси Дабирхонаи муфтиёти ҷаҳони ислом бозгӯи гуфтаҳои боло мебошанд.

Зимни мулоқот раиси Шӯрои уламои тоҷик ба Шайхи Азҳари Шариф доктор Аҳмад Тайиб барои ҳусни  истиқбол изҳори миннатдорӣ баён карда, таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон ба манҳаҷи таълими исломи васатияи Азҳари Шариф арҷ мегузоранд. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки дар оянда ҳамкорӣ бо Азҳари Шариф барои ислоҳи афкори ғалат густариш хоҳад ёфт. Инчунин ҳангоми вохӯрӣ бо Шайхи Азҳар Аҳмад Тайиб масъалаи танзими таҳсили донишҷӯёни мо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки ҳоло зарурати танзими таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи Азҳар ба миён омадааст. Дар навбати худ Аҳмад Тайиб изҳор дошт, ки минбаъд донишҷӯёни тоҷик дар асоси роҳхати расмии ниҳодҳои масъули Тоҷикистон ба муассисаҳои азҳарӣ қабул карда мешаванд.

Ҳамзамон дар ҳошияи ин конфронс бо мақсади ҳамоҳанг ва баррасӣ намудани мавзӯъҳои баҳсталаби динӣ, ҳамчунин изҳори мавқеи умумӣ оид ба гурӯҳҳои тундгаро ва ҳизбҳои исломӣ Шӯрои уламои Тоҷикистон ба узвияти «Дабирхонаи муфтиёти ҷаҳон» қабул гардид. Вазифаи Дабирхонаи мазкур ба сифати ниҳоди байналмилалии тахассусӣ мубориза бо ҳарҷу марҷи фатвоҳо ва афкори ифротӣ дар тамоми ҷаҳон мебошад.

DSC_0006 DSC_0123

 

 

Октябрь 25, 2017 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ-ОМИЛИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 дар вилояти Суғд кумакҳои Пешвои миллатро тақдим намуд
Дар Хуҷанд оид ба нақши Пешвои миллат дар ташаккули худшиносии миллии ҷавонон конференсия доир шуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ифтихори 79-солагии Рӯзи Ғалаба дар назди «Оташи ҷовидон» гулчанбар гузошт
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври вилоятии озмун баргузор шуд
«ДӮСТИ ПАЙВАНДИ ҶОНРО ГУМ МАКУН». Як гурӯҳ ҷавонони фаъоли Тоҷикистон тавассути «Қатораи ҷавонӣ» аз Душанбе ба шаҳри Турсунзода рафтанд
Ба иштирокчии ҷанг ва собиқадори меҳнати 104-сола Зайнулло Алиев кумакпулии яквақта расонида шуд
Корҳо барои рафъи оқибатҳои сел аз ҷониби комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон анҷом дода шуданд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Шуурнокии ҳуқуқии миллат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари нуфузи он дар ҷаҳони муосир аст
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори ИДМ доир мешавад
ҲУШДОР! 10-12 май тағйирёбии вазъи ҳаво ва офатҳои табиии эҳтимолӣ дар назар аст
Ба иштирокчиён ва маъюбони ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд