Дар вилояти Хатлон беш аз чор ҳазор диски қалбакӣ мусодира гардид

Октябрь 18, 2017 10:05

ДУШАНБЕ, 18.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми нуҳ моҳи соли равон дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 400 санҷиш гузаронида шуда, беш аз чор ҳазор адад фиттаҳои пастсифат мусодира ва нобуд карда шуданд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» директори Корхонаи фаръии давлатии кино ва видеоии вилояти Хатлон Лутфияи Толиб хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, бо мақсади пешгирии фаъолияти ғайриқонунии соҳибкороне, ки ба фурӯши маводи аудиовизуалӣ, аз қабили фиттаҳои пастсифату ғайриқонунӣ, қалбакӣ, дорои хусусияти  зӯроварӣ, ваҳшоният ва ғайриахлоқӣ машғуланд, аз ҷониби намояндагони Корхонаи фаръии давлатии кино ва видеоии вилояти Хатлон дар 25 шаҳру ноҳияи вилоят санҷишҳои махсус гузаронида мешаванд.

«Мо аллакай дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Ҷалолиддини Балхӣ ва Бохтар санҷиш гузаронидем. Хушбахтона, дар ин ҷойҳо ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта нашуданд. Дар 20 шаҳру ноҳияи дигар аз ҷониби мутасаддиёни соҳа барои коҳиш додани фурӯши дискҳои қалбакӣ чунин санҷишҳо гузаронида мешаванд»,-иброз дошт  Лутфияи Толиб.

 

Октябрь 18, 2017 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад