Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад. Дар Ўзбекистон Рўзҳои фарҳанги Тоҷикистон доир мешаванд

Октябрь 2, 2017 16:18

ДУШАНБЕ, 2.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади мустаҳкам намудани равобити фарҳангии ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз 10 то 14 октябри соли равон Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон баргузор мешаванд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, барномаи Рўзҳои фарҳанги  Тоҷикистон дар Ўзбекистон аз намоиши аккосии «Тоҷикистони муосир», намоиши «Китобҳои Тоҷикистон», намоиши ду филми пурраи Носир Саидов «Қиёми рӯз» ва «Муаллим», намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии устодони санъати тоҷик иборат аст.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар барномаи консертӣ  дар шаҳри Тошканд ҳунарнамоии устодони варзида ва ҷавонони соҳибистеъдоди санъати тоҷик, ба мисли Давлатманд Холов, Афзалшо Шодиев, Саидқул Билолов, Шарофат Усмонова, Фотима Машрабова, Амирҷон Рӯзиев, Хуршед Иброҳимов, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Дилноза Каримова ва Дамирбек Олимов дар назар аст.

Санъати рақси миллии тоҷикро дар Ўзбекистон Ансамбли овозадори рақсии «Зебо» муаррифӣ хоҳад кард.

Айни замон ҳайати ҳунариву эҷодӣ ва расмии Рӯзҳо дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, корҳои омодагӣ бо муваффақият идома доранд.

Ба хотири дар сатҳи баланд муаррифӣ намудани санъату ҳунари миллӣ ба барнома устодони санъат, беҳтарин ҳунарпешагону гурӯҳҳои ҳунарӣ ва намоиши филмҳои тоҷикӣ, намоиши аксҳо доир ба дастовардҳои замони истиқлол ва намоиши китобҳои тозанашр шомил гардидаанд.

 

 

Октябрь 2, 2017 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид