Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Октябрь 12, 2017 09:40

ДУШАНБЕ, 12.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.

Қабл аз ҳама, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, натиҷаҳои бобарор орзу намуданд.

Сарвари давлат аз натиҷаи кори 25 — солаи Шӯрои вазирони мудофиа, ки фаъолияти он ба рушди равобити бисёрҷонибаи ҳамкории ҳарбӣ равона гардидааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки тайи ин муддат бо истифода аз таҷрибаи ғании андӯхта заминаи мустаҳками ҳамгироӣ таъсис ёфта, корҳои назаррасе анҷом дода шудаанд.

Дар ҷараёни мулоқот тақвияти ҳамкориҳои ҳарбӣ — техникӣ ва амниятиву мудофиавӣ дар доираи иҷрои Консепсияи ҳамкориҳои ҳарбӣ — техникии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи то соли 2020 ва Барномаи панҷсолаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими амнияти марзӣ махсус таъкид гардид.

Ҳамзамон зимни мулоқот бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи таъмини амнияту субот дар Афғонистон, таҳкими иқтидорҳои марзбонӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Ёдовар мешавем, ки раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018 ба ҷониби Тоҷикистон вогузор гардид ва дар ин бора дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия қарори дахлдор қабул карда шуд.

Мулоқот бо вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 12.10.2017

Октябрь 12, 2017 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд