ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 02.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, дар доманакӯҳҳо ва баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ пастшавии ҳарорат пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 2 октябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳаво тағйирёбанда мешавад. Дар бештари ноҳияҳо ҳарорат паст гардида, гармӣ дар водиҳо рӯзона ба 31 дараҷа мерасад. Ҳаво дар шимоли кишвар абрноки бебориш шуда, ҳарорат рӯзона дар водиҳо 23 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 15 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Обуҳавошиносони кишвар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки беборишро пешгӯӣ мекунанд. Дар шарқ ва ғарби вилоят ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ шуда, дар ғарби вилоят 20-25 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят 14 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок ва бебориш пешгӯӣ мекунанд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 29 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва пастшавии ҳарорат дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар пойтахт 27 дараҷаро ташкил хоҳад дод.








Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






