Парлумон Созишнома оид ба ҳамкории кишварҳои аъзои СААД-ро ба тасвиб расонид

Октябрь 2, 2017 14:42

ДУШАНБЕ, 02.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ дар соҳаи ҳамлу нақли ҷузъу томҳо ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, молу мулки манқули онҳо, инчунин маҳсулоти таъйиноти ҳарбӣ, Протокол оид ба тамдиди муҳлати эътибори Созишнома дар бораи ташкил намудани низоми ягонаи ҳимояи техникии роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои СААД аз  28  апрели соли 2003 ва ворид намудани тағйирот ба онро имрӯз  вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расониданд.

Шерали МирзоСанадҳои мазкурро дар назди вакилони Парлумон Шералӣ Мирзо, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода, гуфт, ки  онҳо  дар тақвияти ҳамкории кишварҳои аъзои СААД нақши муассир мегузоранд.

Мавриди зикр аст, ки Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои СААД дар соҳаи ҳамлу нақли ҷузъу томҳо ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, молу мулки манқули онҳо, инчунин маҳсулоти таъйиноти ҳарбӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Ин Созишнома 15 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.

Октябрь 2, 2017 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд