Пешвои миллат: «Ҳукумати Тоҷикистон инкишофи бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд ҳамчун воситаи асосии таъмин намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст»
ДУШАНБЕ, 14.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ оид ба ҷараёни ислоҳоти иқтисодии мамлакат, дастгирии Ҳукумат аз бахши хусусӣ, бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, такмил додани қонунгузорӣ дар самти рушди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани мақоми истеҳсолкунандаи маҳсулоти ватанӣ изҳори назар карданд. Аз ҷумла, зикр карда шуд, ки «ислоҳоти амалигардида ва фаъолияти пурсамари бахши хусусӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шуда, Тоҷикистон се маротиба ба даҳгонаи давлатҳои ислоҳотгар шомил гардида, тибқи арзёбии агентиҳои рейтингии ҷаҳонӣ дар байни кишварҳои ҷолибтарини сайёҳӣ мавқеи дуюм ва дар байни кишварҳое, ки дар онҳо гирифтани раводид осон аст, мавқеи чорумро ишғол намуд. Барориши муваффақонаи коғазҳои қиматноки давлатии кишвар ба бозори ҷаҳонӣ дастоварди навини кишвар ва самараи фаъолияти бисёрсолаи Ҳукумати мамлакат доир ба ташаккули иқтисоди бозорӣ, ислоҳоти бахши давлатӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди молиявию қарзӣ мебошад.
Дастгириҳои доимии давлат имкон доданд, ки имрӯз ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то 70 фоиз зиёд гардида, 80 фоизи аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъолро фаро гирад». Сарвари давлат таъкид карданд, ки инкишофи бахши соҳибкорӣ барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ мусоидат мекунад: «Ҳукумати Тоҷикистон инкишофи бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии таъмин намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст.
Аз соли 2018 марҳалаи сеюми татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ оғоз мегардад, ки дар самти дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ яке аз санадҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Мо мақсад гузоштаем, ки муносибатҳои муосири иқтисодиро тавассути такмили қонунгузорӣ, рушди низоми иҷрои қарордодҳо ва идоракунии корпоративӣ, таъмин намудани ҳуқуқи молумулкӣ, бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, афзоиш додани сармоягузорӣ ва коҳиш додани хавфҳои эҳтимолӣ таҳким бахшем».
Зикр шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ доир ба таҳким бахшидани шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тавсеаи моликияти хусусӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон ва баланд бардоштани мавқеи соҳибкорӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Пешвои миллат ба мақомоти дахлдор барои беҳтар намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя дастурҳои мушаххас дода, аз ҷумла чунин изҳор намуданд: «Баъди вохӯриҳои қаблии мову шумо бо пешниҳоди соҳибкорону сармоягузорон қонунгузорӣ дар самти ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор хеле такмил дода шуд.
Бо мақсади беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва дастгирии соҳибкорӣ ба Кодекси андоз тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Бо вуҷуди ин, дар марҳалаи сеюми татбиқи барномаи зикршуда қабули як қатор санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ ба нақша гирифта шуда, бояд ҷиҳати иҷрои саривақтии қонунҳои қабулшуда тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Аз ин лиҳоз, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки дар ин самт чораҷӯӣ намуда, барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва баланд бардоштани мақоми истеҳсолкунандаи маҳсулоти ватанӣ тадбирҳои амалӣ андешад».








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд






