Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао: «Имрӯз Тоҷикистон бо пешниҳодҳои заруриаш таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намудааст»

Октябрь 27, 2017 08:21

ДУШАНБЕ, 27.10.2017./АМИТ «Ховар»/. Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао, ки ҷиҳати иштирок дар татбиқи лоиҳаҳо ва ҷаласаи 16-уми Конфренсияи вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, дар доираи сафар аз Кӯли Сарез ва Неругоҳи барқи обии «Норак» дидан намуд.

      Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао таасуроташро аз ҷараёни боздид аз Кӯли Сарез ва Неругоҳи барқи обии Норак дар суҳбат бо хабарнигорон  чунин баён дошт:

«Ман аз сафари  Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус ба ин минтақаҳои зебо бисёр хушҳолам. Зеро кӯҳҳои осмонбӯсу табиати дилфиреби Тоҷикистон дили ҳар як бинандаро шод мекунад.

Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳодҳои заруриаш дар арсаи байналмиллалӣ мақоми шоёнро касб намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб кардааст.

Масалан пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Даҳсолаи байналмиллалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро водор сохт, ки ба яке аз  мушкилоти асосии ҷаҳон — тағйирёбии иқлим ва норасоии оби ошомиданӣ нақшаҳои заруриро дар муҳлати кутоҳ тарҳрезӣ намуда, баҳри ҳалли онҳо дар якҷоягӣ чораандешӣ намоянд.

Талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба  беҳтар сохтани вазъи зисту зиндагонии сокинони Тоҷикистон ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронида шудааст. Ҳамаи ин далели  сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд низ рӯз то рӯз беҳтар мегардад ва ин муносибот алакай самара додааст.

Мо умед дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати истиқлолияти давлатиаш мақоми худро дар арсаи байналмиллалӣ боз ҳам баланд мебардорад».

?

Октябрь 27, 2017 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд