Сокинони деҳаи Барҷангали ноҳияи Роштқалъа соҳиби бунгоҳи тиббӣ гардиданд

Октябрь 27, 2017 11:15

ХОРУҒ, 27.10.2010 /АМИТ «Ховар»/. Деҳаи Барҷангали ноҳияи Роштқалъа яке аз деҳоти дурафтодаи ин ноҳия ба шумор рафта, ҳаракати мошинҳои мусофиркашу  борбар дар роҳҳои ин деҳа кам ба назар мерасад. Аз ин рӯ сокинони деҳа ҳангоми бемории ногаҳонӣ имкон надоранд дар зудтарин фурсат ба табибон муроҷиат кунанд. Бунгоҳи маҳаллӣ дар як бинои кӯҳна ва садамавӣ ҷо гирифта, барои ташхис ва табобат ҳатто таҷҳизоти одӣ надорад. Аз ин рӯ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо Хадамоти тандурустии Бунёди Оғохон  дар ин деҳа бунгоҳи нави тиббӣ бунёд ёфта, бо таҷҳизоти муосири ташхису табобат таъмин гардид. Роҳбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мунис 97» гуфт, ки барои сохтмони бунгоҳи мазкур 230 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид ва бинокорон онро дар муҳлати муайяншуда ва мутобиқ ба талаботи замони муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аз Раёсати тандурустии вилоят ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки танҳо дар соли равон дар се деҳаи дурдасти ноҳияи мазкур ду бунгоҳи тиббӣ ва як маркази саломатӣ сохта шуданд. Ҳамзамон табибони  ин бунгоҳҳо ба давраҳои омӯзишӣ ҷалб карда шуданд ва бо барномаи «Тибби оилавӣ» шинос гардиданд. Акнун ин табибон на танҳо дар бунгоҳи тиббӣ беморонро муолиҷа мекунанд, балки дар шароити хона низ метавонанд ба ниёзмандон кумаки тиббӣ расонанд.

 

Октябрь 27, 2017 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад