«Сомон Эйр» сертификати узвият дар IATA-ро соҳиб гашт
ДУШАНБЕ, 14.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» сертификати узвият дар IATA — Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоиро соҳиб гашт. Маросими супоридани сертификат дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он намояндагони сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Тавре аз Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд, зимни маросим Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода доир ба ин рӯйдоди муҳим изҳор намуд, ки «қабули «Сомон Эйр» ба IATA дархури ҳадафҳои сиёсати стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар буда, он ба кушодани роҳҳои нави ҳавоӣ мусоидат мекунад».
Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ- IATA ассотсиатсияи ихтисосии ширкатҳои ҳавопаймоии иҷрокунандаи хатсайрҳои байналмилалӣ буда, вазифаи ҳамоҳангсозӣ ва намояндагии манфиатҳои соҳаи нақлиёти ҳавоиро дар бахшҳои таъмини бехатарии парвозҳо, иҷрои парвозҳо, хизматрасонии техникӣ, бехатарии авиатсионӣ ва тарҳрезии стандартҳои байналмилалӣ анҷом медиҳад. Айни замон 281 ширкати ҳавопаймоӣ аз 118 давлати ҷаҳон аъзои IATA мебошанд.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






