ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 20 октябр, ҷумъа, 293-юмин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 72 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Октябрь 20, 2017 08:09

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:

 

20 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ дар рӯҳияи инсондӯстӣ, раҳму шафқат ва бо мақсади бахшидани гуноҳҳо дар арафаи 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

***

Дар ин рӯз, 20 октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири энергетикаи Федератсияи Россия, Раиси қисмати Русиягии комиссияи байниҳукуматии ҳамкории ду кишвар Сергей Шматкоро ба ҳузур пазируфта буданд.

***

7 сол қабл, 20 октябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири Раёсати кор бо муассисаҳои молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ник Тессиманро ба ҳузур пазируфтанд.

20 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии танзимгарони ҳавоӣ.

***

Рӯзи байналмилалии ошпаз.

  ***

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди остеопороз.

РӮЙДОДҲО:

20 октябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки бо роҳбарии Ҳусейн Ҳошимиён, вакили Маҷлиси Шўрои Исломии ин кишвар ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буданд, ба ҳузур пазируфтанд.

  ***

Дар ин рӯз, 20 октябри соли 1822 дар Англия шумораи нахустини рӯзномаи «The Sunday Times» ба нашр расид.

***

72 сол муқаддам, 20 октябри соли 1945 аввалин маротиба занҳо дар Франсия ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро ба даст оварданд.

***

20 октябри соли 1868 дар Киев нахустин бонки хусусии тиҷоратӣ кушода шуд.

 ***

Дар ин рӯз, 20 октябри соли 1714 Пётри I қарореро оид ба манъи истифодаи сангҳо дар сохтмонҳои Россия, ба истиснои Санкт-Петербург қабул намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1930 вилояти автномии Хакасия таъсис ёфт.

***

Соли 1982 дар Лужники фоҷиа рух дод: дар натиҷаи танбашавӣ 66 нафар ҷони худро аз даст доданд.

 

Октябрь 20, 2017 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш