ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 26 октябр, панҷшанбе, 299-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 66 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Октябрь 26, 2017 08:16

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:

 

26 октябри соли 2016 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳои башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал — Маътуқро ба ҳузур пазируфтанд.

***

  26 октябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини аввали раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маршал Муҳаммад Қасим Фаҳимхон мулоқот намуданд.

***

26 октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Қувваҳои Марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Дэвид Петреусро ба ҳузур пазируфтанд.

26 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Оғози ҷашни Дивалӣ дар ҳиндуҳо.

***

Рӯзи пайдоиши футбол (1863).

***

Рӯзи бидуни қоғаз дар Россия.

 РӮЙДОДҲО:

26 октябри соли 1861 олими германӣ Филипп Рейс дар Франкфурт ихтирои худро ба намоиш гузошт, ки минбаъд онро телефон номид.

***

Дар ин рӯз, 26 октябри соли 1956 Агентии байналхалқӣ оид ба энергияи атомӣ (МАГАТЭ) таъсис ёфт.

***

2 сол қабл, 26 октябри соли 2015 дар натиҷаи заминҷунбии 7,5 балла дар Афғонистон ва Покистон беш аз садҳо нафар ҷони худро аз даст доданд.

***

26 октябри соли 1863 дар шаҳри Лондон Ассотсиатсияи футболи Англия таъсис дода шуд.

***

39 сол муқаддам, 26 октябри соли 1978 Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ эълон дошт, ки барангезандаи бемории нағзак дар табиат маҳв карда шуд.

***

26 октябри соли 1990 Шон Шеннони канадиягӣ барои дар 26 сония хондани монологи Гамлет «Будан ё набудан» рекорди ҷаҳонӣ гузошт.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1932 Иосиф Сталин нависандагонро «муҳандисони қалби инсонҳо» унвон кард.

***

Соли 1900 дар Ню-Йорк аввалин хатти метрополитен кушода шуд.

Октябрь 26, 2017 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш