ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 4 октябр, чоршанбе, 277-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 88 рӯзи дигар боқӣ мондааст.

Октябрь 4, 2017 08:19

Тақвими моро дар ин гӯша  

шореҳ Шаҳлои Садриддин варақ мезанад:

 

4 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 маҷаллаи бонуфузи аврупоӣ «Diplomatic World» мақолае дар ҳаҷми 5 саҳифа таҳти унвони «Меъмори сулҳ» бахшида ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нашр кард.

***

4 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи «Дӯстӣ»-и шаҳри Кӯлоб маркази замонавии хизматрасонии «Роҳи абрешим»- ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

4 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии олами ҳайвонот.

 ***

Ҳафтаи ҷаҳонии кайҳон

***

Рӯзи байналмилалии манзил

***

 Дар Россия рӯзи мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

 ***

Дар Белгия рӯзи соҳибистиқлолӣ

***

РӮЙДОДҲО:

4 октябри соли 2013 Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъйини 12 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1999 дар ИМА Маркази идора ва зери назорат гирифтани ҷинояткорӣ дар Шабакаи интернетӣ ташкил ёфт.

***

4 октябри соли 1675 физики ҳолландӣ Христиан Гюйгенс барои соатҳои кисагӣ шаҳодатномаи тасдиқкунандаи ҳуқуқи ихтироъкориро гирифт.

***

26 сол муқаддам, 4 октябри соли 1991 сарони давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ба истиснои кишварҳои назди Балтика шартномаи ҳамкории иқтисодӣ ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1957 дар СССР  радифи маснӯи Замин сар дода шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1992 дар Амстердам пас аз 15 дақиқаи парвоз ҳавопаймои Исроил ба садама дучор шуд, ки дар натиҷа 43 нафар ҷони худро аз даст доданд.

***

Соли 2000 рӯйхати кишварҳои «мобилӣ» нашр шуд. Финляндия бо доштани 76 %-и обунашавандаҳо ба хизматрасонии алоқаи бесим (бо назардошти шумораи аҳолии кишвар) дар ин феҳрист мақоми аввалро касб намуд.

 

 

 

Октябрь 4, 2017 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш