ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 8 октябр, якшанбе, 281-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 84 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Октябрь 8, 2017 09:43

Тақвими моро дар ин гӯша  

шореҳ Шаҳлои Садриддин варақ мезанад:

 

8 октябри соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон ифтитоҳ ёфт.

***

Дар ин рӯз, 8 октябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи «Авесто Арена» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

***

4 сол қабл, 8 октябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Ванҷ толори варзишии дорои 300 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои намудҳои гуногуни варзиш бо тамоми шароити муосир бунёд ёфтааст.

 8 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кишоварзон

***

Рӯзи кормандони хоҷагии деҳқонӣ.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо дигаргуншавии ҷиддии харобиовари табиӣ.

***

Дар Флорида рӯзи фермерҳо.

***

Дар ИМА рӯзи миллии кӯдакон.

***

Дар Япония рӯзи саломатӣ ва варзиш.

РӮЙДОДҲО:

8 октябри соли 2014 дар Душанбе фестивал-симпозиуми байналмилалии «Фалак» оғоз ёфт.

***

91 сол муқаддам, 8 октябри соли 1926 бори нахуст дар ҷаҳон дар радио аз ҷараёни бозии футбол гузориш пахш гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1973 дар ИМА аввалин ҳабсхонаи занона кушода шуд.

***

8 октябри соли 1818 англисҳо бори аввал дар бозии бокс аз дастпӯшакҳо истифода бурданд.

***

82 сол қабл, дар ин рӯзи соли 1933 доктори илмҳои филологӣ, профессор Баҳриддин Камолиддинов таваллуд шудааст.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1925 зани англис Элен Джоэл аввалин бонуе гардид, ки дар мусобиқаи аспдавонӣ ғолиб омада буд.

 ***

Соли 1967 дар Англия бори нахуст дастгоҳи муайянкунандаи машруботи спиртӣ дар бадани ронандагон мавриди истифода қарор дода шуд.

Октябрь 8, 2017 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш