ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 9 октябр, душанбе, 282-юмин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 83 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Октябрь 9, 2017 08:34

Тақвими моро дар ин гӯша   

шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:

 

9 октябри соли 2013 дар Маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 5 иншооти нав, ки бо маблағгузории ҷумҳуриявӣ бунёд ёфтаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба сохтмони як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ оғоз бахшида шуда буд.

 ***

  9 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд Сиаою Жао мулоқот намуданд.

9 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи кормандони хоҷагии ҷангал.

***

Рӯзи ҷаҳонии почта.

 ***

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди офатҳои табиӣ ва бартарафсозии он.

***

Дар Япония рӯзи тарбияи ҷисмонӣ.

***

Дар Канада рӯзи сипосгузорӣ.

***

Дар Озарбойҷон рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ.

РӮЙДОДҲО:

9 октябри соли 2013 дар шаҳраки Ваҳдат-маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон филиали Бонки саҳҳомии «Агроинвестбонк» ифтитоҳ ёфт.

***

9 октябри соли 1874  рӯзи таъсисёбии Шӯрои ҷаҳонии почта ба шумор меравад.

***

16 сол қабл, 9 октябри соли 2001 дар Миср баландтарин пули овезон сохта шудааст.

***

9 октябри соли 1991 ҷоизаи Букери Россия барои беҳтарин роман бо забони русӣ таъсис дода шуд.

***

11 сол муқаддам, дар ин рӯзи соли 2006 дар Антверпена дар музояда калонтарин алмос, ки дар 13 соли охир аввалин бор  ёфт шуда буд, фурӯхта шуд.

***

9 октябри соли 2009 дар натиҷаи таркиш дар шаҳри Пешовари Покистон  беш аз 100 нафар захмӣ гашта,  тақрибан 50 нафар ҷони худро аз даст доданд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 2009 Президенти ИМА Барак Обама сазовори ҷоизаи Нобел гардид.

 ***

Соли 1963 дар Италия дар натиҷаи вайрон шудани сарбанд ҳудуди 2 ҳазор сокинони шаҳри Беллуна ба ҳалокат расиданд.

 

Октябрь 9, 2017 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш