Тавсеаи ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистону Туркманистон дар Ашқобод баррасӣ гардид

Октябрь 26, 2017 10:53

ДУШАНБЕ, 26.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои  густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш дар Ашқобод зимни мулоқоти  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо муовини раиси Девони  вазирони Туркманистон Сапардудӣ Толиев дар Ашқобод баррасӣ гардиданд.

Инчунин  Фаррух Шарифзода дар Ашқобод бо Мақсат Бабаев, муовини дигари раиси Девони Вазирони Туркманистон  вохӯрӣ анҷом дод. Дар мулоқот мусоҳибон омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманд дар бахшҳои энергетика,  нафту газ, аз ҷумла таъмини маҳсулоти нафтӣ, кокс,  гази табиӣ ва  моеъ, ҷустуҷӯи конҳо ва истихроҷу коркарди онҳо,  таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷудо намудани  бурсияҳо барои  таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии нафту гази Туркманистон иброз доштанд.

Аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамзамон Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо Вазири маорифи Туркманистон  Пурлӣ Агамирадов мулоқот карда,  дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистонро дар бахши илму маориф матраҳ намуданд.

Октябрь 26, 2017 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад