Театри лўхтаки Тошканд намоиши «Корвонсарой»-ро ба Душанбе овард

Октябрь 26, 2017 15:31

ДУШАНБЕ, 26.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 октябр то 3 ноябри соли ҷорӣ дар Театри давлатии лўхтаки шаҳри  Душанбе дар доираи сафари ҳунарии Театри давлатии лўхтаки шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон намоишномаи «Корвонсарой»-и театри мазкур ба намоиш гузошта мешавад.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, намоишҳо ҳар рўз соатҳои 10:00 ва 11:00 манзури мухлисони театри лўхтак мегардад. Намоиш ба қалами муаллифон И. Лукянова  ва Д. Юлдошев мансуб буда, онро коргардони таҳиягар, Арбоби шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон И.Яқубов рўи саҳна овардааст.

Намоиши «Корвонсарой» доир ба суннату анъанаҳои ҳунари лӯхтакбозии ӯзбек ба воситаи санъати муосири театрӣ мебошад. Дар он қаҳрамонони машҳури масхарабози фолклори халқи ӯзбек Аливу Валӣ ва қаҳрамони театри суннатии миллӣ Качал-Полвон вомехӯранд. Тамоми намоиш аз тарафи ду ҳунарпеша иҷро карда мешавад. Тавассути маҳорати онҳо тамошобинон имконият пайдо мекунанд, ки ба ҳамаи навъҳои ҳунари лӯхтакбозӣ: дар пешбанди одии муқаррарӣ саҳнаи савдои хар ва хурӯсҷанг бо лӯхтакҳои дастпӯшакӣ, манзараи гўштии миллии «кураш» бо арӯсакҳо, рақси ӯзбекӣ ба воситаи театри соягӣ ва лӯхтакҳои нахӣ ошно гарданд.

Октябрь 26, 2017 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад