Темур Зулфиқоров барандаи ҷоизаи Бунин шуд
ДУШАНБЕ, 18.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Темур Зулфиқоров, адиби русзабони Тоҷикистон барои асари нави «Қиссаҳои тиллоии ишқ» дар Россия барандаи ҷоизаи Бунин гардид. Тавре Тимур Зулфиқоров ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, маросими тақдими ҷоизаи Бунин 24 октябр дар Донишгоҳи гуманитарии Москва баргузор мешавад.
«Муддати чанд сол интизори ба даст овардани ин ҷоиза будам ва хушбахтона, ин рӯз насибам гашт»,-изҳор дошт Темур Зулфиқоров.
Бояд зикр намуд, ки «Қиссаҳои тиллоии ишқ»-и Темур Зулфиқоров гулчини ҳикояҳои ҳикматомези адиб буда, соли 2017 ба нашр расидааст.
Ҷоизаи ба номи Иван Бунин ба олимон, адабиётшиносон ва суханшиносони забони русӣ барои хизматҳои шоиста ва назаррас дар ҷодаи тарғиби фарҳанг ва пажӯҳиши илмию адабӣ супорида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҷоизаи мазкур соли 2004 аз ҷониби Донишгоҳи гуманитарии Москва, Ҷамъияти дӯстдорони забони русӣ, Иттиҳоди муассисаҳои таълимии олии ғайридавлатӣ, Донишкадаи миллии тиҷоратӣ ва Донишкадаи санъати муосир таъсис дода шуда, соле як маротиба тариқи озмун супорида мешавад.
Темур Зулфиқоров моҳи августи соли 1936 дар Душанбе дида ба ҷаҳон кушодааст. Ӯ муаллифи сенарияи 9 филм, аз ҷумла «Рояли сафед», «Ошпаз ва овозхон», «Одам аз паси паррандаҳо парвоз мекунад», «Мурғи сиёҳ», «Саробҳои ишқ», «Ишқи аввали Насриддин», «Бозгашти Хоҷа Насриддин» ва «Пешхидмат бо лаълии тилло» мебошад.








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






