ҲАБИБИ ДИЛУ ДИДА. Ёдкарди Ҳабибулло Назаров зимни конференсияи адабӣ дар шаҳри Ҳисор

Ноябрь 3, 2017 12:06

ДУШАНБЕ, 03.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 110-солагии бузургдошти хотираи арбоби намоёни давлатӣ, нависанда ва шоири хушсалиқа Ҳабибулло Назаров 2 ноябр дар шаҳри Ҳисор конференсияи адабӣ баргузор шуд. Дар он фаъолони шаҳр, аҳли зиё, шоирону нависандагон ва наздикону пайвандони адиб иштирок намуданд.

Тибқи барномаи ҷашнӣ дар Китобхонаи шаҳр намоиши асарҳои нависанда, дар Осорхона гӯшаи Ҳабибулло Назаров ба тамошо гузошта шуд. Инчунин дар назди пайкараи устод Ҳабибулло Назаров дар шаҳри Ҳисор ва дар пояи «Лавҳаи дидор»-и Аскарони сурх дар деҳаи Тӯдаи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо маросими гулгузорӣ доир гардид.

Ҳабибулло Назаров 15 августи соли 1907 дар деҳаи Тӯдаи ноҳияи Ҳисор дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, 25 январи соли 1978 вафот кардааст. Аз соли 1939 узви КПСС буда, дар курси маҳви бесаводӣ хондааст. Ӯ солҳои 1927-1929 раиси Иттиҳодияи камбағалон ва котиби Ҷамоати деҳот буд. Курси дусолаи ҳуқуқшиносии шаҳри Душанбе (1931-1932), Академияи умумииттифоқии ҳуқуқ (1938-1941) ва соли 1950 Институти ҳуқуқшиносии Москваро хатм намудааст. Дар вазифаҳои судяи халқӣ (1933-1938), узви Суди Олии РСС Тоҷикистон (1941-1945), муовини Вазири адлия (1945-1952), Вазири адлияи РСС Тоҷикистон (1952-1959) ва Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1959-1962) кор кардааст.

 

 

Ноябрь 3, 2017 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад