Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси
ДУШАНБЕ, 25.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани садҳо мардуми осоишта бар асари ҳамлаи золимона ба яке аз масҷидҳо дар шимоли нимҷазираи Сино боиси андӯҳ ва нафрати беандозаи мо гардид.
Мо ин амали бераҳмона ва ғайриинсонии нерӯҳои аҳриманро қатъиян маҳкум менамоем ва бар онем, ки воқеияти имрӯза муттаҳидии талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштараку беамон бо терроризми байналмилалӣ ва ҳамагуна зуҳуроти ифротгароӣ тақозо менамояд.
Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Миср изҳор намуда, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».








Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд






