Беш аз сеяки моддаҳои Конститутсияи Тоҷикистон ба инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ бахшида шудаанд — ҳамоиш дар Суди конститутсионӣ
ДУШАНБЕ, 02.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи аввали имрӯз дар толори Суди конститутсионии мамлакат ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 6 ноябр ҷашн гирифта мешавад, бо иштироки олимон, мутахассисон, намояндагони мақомоти давлатӣ, донишҷӯён ва намояндагони ВАО таҳти унвони «Конститутсия ва рушди давлатдории миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид.
Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни маърӯзаи худ дар рӯзҳои мураккаб ва вазъияти шадиди сиёсӣ-иҷтимоӣ қабул гардидани Конститутсияи Тоҷикистонро ба ёд оварда, зикр кард: «Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ яке аз вазифаҳои муҳим қабули санади ҳуқуқӣ буд, ки бояд роҳи ояндаи давлату миллатро муайян мекард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин мавзӯъ изҳор карданд, ки моро зарур аст санадҳои ҳуқуқии худро таҳия ва қабул намуда, онҳоро бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намоем ва ба ин васила, барои бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи ҳуқуқӣ гузорем», — гуфт М.Маҳмудзода.
Ҳамин тавр, идеяи қабул намудани Конститутсия аз Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд сарчашма гирифт ва барои таҳияи лоиҳаи Конститутсия комиссияи босалоҳият ташкил карда шуд.
Комиссияи мазкур давоми шаш моҳ ду лоиҳаи Конститутсия- яке бо идоракунии парламентӣ ва лоиҳаи дигар бо идоракунии президентиро таҳия ва пешниҳод кард.
М. Маҳмудзода дар идома зикр кард, ки «ба раъйпурсии умумихалқӣ лоиҳаи Конститутсия бо идоракунии президентӣ гузошта шуд ва 6 ноябри соли 1994 бо раъйи зиёда аз 87 фоизи интихобкунандагон бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон ба тариқи раъйпурсӣ Конститутсия қабул карда шуд. Хусусияти муҳими Конститутсияи қабулгардида ин буд, ки он волоияти қонунро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард».
Содиқ Шоназаров, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ба ҳозирон иттилоъ дод, ки беш аз сеяки моддаҳои Конститутсияи Тоҷикистон ба инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ бахшида шудаанд.
«Дар асоси Конститутсия зиёда аз 1000 қонунҳо, аз ҷумла, 17 қонуни конститутсионӣ, 343 қонунҳои соҳавӣ, 22 кодексҳо қабул гардидаанд, ки бешак, дар рушди давлатдории миллӣ нақши муҳим бозидаанд», — зикр кард С.Шоназаров.
Дар ҳамоиш донишҷӯён оид ба дигар хусусиятҳои Конститутсияи мамлакат ба мутахассисон муроҷиат карда, аз коршиносони соҳа ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноаткунанда гирифтанд.








НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд






