Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид

Ноябрь 1, 2017 18:28

ДУШАНБЕ, 01.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид. Онро бо сухани ифтитоҳӣ муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири Туркманистон Оразмурод Гурбонназаров оғоз бахшида, дар бораи моҳият ва аҳамияти ин ҳамоиш сухан гуфтанд ва ба кори форум ва ривоҷи минбаъдаи ҳамкориҳо миёни соҳибкорони ду кишвар барору комёбӣ таманно намуданд,

Сипас Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва Вазири иқтисод ва молияи Туркманистон Ботир Базаров роҷеъ ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Туркманистон маълумот доданд.

Имкониятҳои сармоягузории ду кишвар ба ҳозирин  аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Иттифоқи саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон Александр Дадаев ва Раиси Палатаи савдо ва саноати Туркманистон Бабаклич Каличев муаррифӣ карда, роликҳои тарғиботӣ намоиш дода шуданд.

Маводи муфассалтар дар бораи ин Форум баъдтар нашр карда мешавад.

Ноябрь 1, 2017 18:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид