Дар Тоҷикистон намоишгоҳи ширкатҳои сайёҳӣ ва маҳсулоти дастии кишварҳои узви ЭКО ташкил карда мешавад

Ноябрь 30, 2017 14:40

ДУШАНБЕ, 30.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.    Дар ояндаи наздик    дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) Форум ва  Намоишгоҳи ширкатҳои сайёҳӣ ва маҳсулоти дастии кишварҳои узви ЭКО ташкил карда мешавад. Ин масъала зимни мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо Раиси Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Муҳаммад Маҳдии Мазоҳирӣ, ки дирӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, матраҳ шуд.

Раиси Кумита иброз дошт, ки дар заминаи сиёсати дарҳои боз Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ гашта, барои ворид шудани соҳаи сайёҳии кишвар ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаи воқеӣ фароҳам оварда шуд.

«Ҷуғрофияи ташрифоти сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ васеъ гашта, аз  59 давлат ба 109 давлат расид. Ҳамзамон Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати таблиғи имконият ва захираҳои сайёҳии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ портали миллии сайёҳиро бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия кардааст, ки оид ба захираҳои сайёҳӣ ва қоидаҳои будубоши сайёҳон дар кишвар манбаи боеътимоди дарёфти маълумот ба ҳисоб меравад»,-гуфт Нуъмон Абдуғаффорзода.

Ҷонибҳо ҳамчунин паҳлуҳои гуногуни фаъолияти сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор дода, оид ба густариши ҳамкории сайёҳӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба мувофиқа расиданд.

Ноябрь 30, 2017 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад