Директори Китобхонаи миллии Афғонистон Ҳамидуллоҳи Шаҳронӣ: «Заминаи ҳама гуна тараққиву пешрафт мутолиа, дарсхонӣ ва руҷӯъ ба китоб аст»

Ноябрь 30, 2017 16:27

ДУШАНБЕ, 30.11.2017/АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 27-29 мизбони чорумин нишасти сарварони китобхонаҳои  миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИбуд. Дар чорумин нишасти директорони  китобхонаҳои  миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) директорони китобхонаҳои миллии ҷумҳуриҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Эрон, мизбони ин нишастТоҷикистон ва  раиси Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ҳамроҳ бо  намояндагони ин ташкилот  ширкат намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни китобхонаҳои миллии кишварҳои узв ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.

      Иштирокчии ин нишастдиректори Китобхонаи миллии Афғонистон Ҳамидуллоҳи Шаҳронӣ дапр суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  чунин иброз намуд:

  —  Бори аввал аст, ки ман дар чунин ҷаласаи сатҳи баланд  дар Тоҷикистон ширкат доштам. Қаблан низ ду бори дигар ба Тоҷикистон омада, дар ҷаласоте ширкат карда будам.  Воқеан ҳам ин ҷаласа як нишасти хеле олӣ ва пурманфиате буд.

  Бояд арз кунам, ки робитаҳо миёни  китобхонаҳои миллии Афғонистону Тоҷикистон  вуҷуд доранд, вале мутаассифона, то ба ҳол  як робитаи хеле  қавие, ки он лоиқи таҳсин бошад, мавҷуд нест.  Аммо ман хостори онам, ки ин робитаҳо  тақвият ёбанд. Дар  қадами аввал мо ният дорем марказ ё бахши фарҳангии Афғонистонро  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  боз намоем ва китобҳоеро, ки марбут ба адабиёт, таърих ва забони муштарак ҳастанд ва як ҳавзаи мутамаддини таърих  ба шумор мераванд, дар хизмати хонандаҳои тоҷик қарор диҳем,  то онҳо тавонанд аз китобҳое, ки дар Афғонистон ба нашр мерасанд, истифода баранд. Ҳамчунин аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хоҳишмандам, ки инҳо низ китобҳоеро, ки роҷеъ ба забону адабиёт ва таъриху фарҳанги ин ҳавзаи тамаддуниянд, ба мо  ирсол намоянд, то шаҳрвандони Афғонистон  низ тавонанд аз ин муштаракот истифода кунанд.

  Фарҳанги мутолиаю хониш дар байни насли нави Афғонистон, мутаассифона, хеле заиф аст ва иллатҳои мухталифе дорад — яке ҷангҳои бисёр дарозмуддате, ки мутаассифона, дар кишвари мо сурат гирифта, мардумро аз фарҳанги мутолиа дур сохтаанд. Дар қадами дуюм набудани  манобе ва  имконоти китобхонаҳо сабабест, ки  мутаассифона, мардуми Афғонистон ба мутолиа ва китоб хондан зиёд алоқаманд  нашуданд, яъне нисбат ба кишварҳои сатҳи минтақа  дар кишвари мо фарҳанги мутолиа шояд  дар сатҳи поён қарор дошта бошад. Аммо мо талош меварзем ин вазъиятро тағйир бидеҳем ва мизони муроҷиати мардум ва фарҳанги мутолиаро  дар байни шаҳрвандони Афғонистон  тавсия ва густариш бидиҳем.

  Мо дар самти китобхонаҳо  камбуди мутахассисон низ дорем. Яъне, касоне, ки воқеан дар бахши танзиму тартиби китобхона дар Афғонистон дарс хонда бошанд, мутахассис бошанд ё шаҳодатномаи донишгоҳ дошта бошанд, бисёр каманд.  Мо кӯшиш мекунем ин вазъиятро тағйир бидиҳем ва дар чорумин нишасти сарварони китобхонаҳои  миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ)  ин мавзӯъро ёдоварӣ кардам ва аз аъзо хостам ба мо кумак бирасонанд.

  Мардуми тоҷик бародарони мо ҳастанд, воқеан мардуми дӯстдоштанӣ ва хеле  бофарҳанг ҳастанд. Таманниёту орзуи ман ба мардуми тоҷик ин аст, ки чун як Раиси ҷумҳури меҳрубоне доранд, ки  як китобхонаеро бо ин ҳама бузургӣ дар қалби кишвар,  дар назди Қасри миллат  дар хидмати халқ қарор додааст ва барояшон   шароити олиеро муҳайё сохтааст, аз Сарвари давлати худ шукргузор  бошанд.

Дигар ин ки вазъи ногувори сиёсии кишвари мо ва мардуми афғон, ки  мутаассифона, солҳои тӯлонӣ   дар ҷангу дарбадарӣ қарор дорем, моро ҳушдор медиҳад, ки бояд  аз таҷрибаи сулҳофарии    кишвари шумо сабақ бигирем. Хуш ба ҳолатон, ки имрӯз шумо дар фазои сулҳу оромиш  зиндагӣ мекунеду қадри ин неъмати бузургро  медонед ва боиси хушҳолист, ки  баҳри рушду пешрафти кишвар гом мебардоред. Албатта, заминаи ҳама гуна тараққиву пешрафт ҳамин мутолиа, ҳамин дарсхонӣ ва руҷӯъ ба китоб аст.

 

Таҳияи

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР

Ноябрь 30, 2017 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд