Г. Маҳмудов: «Чорумин ҳамоиши сарварони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви СҲИ дар таърихи соҳибистиқлолӣ аввалин нишасти сатҳи баланди китобхонавист»

Ноябрь 27, 2017 17:37

ДУШАНБЕ, 27.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Тавре хабар додем, имрӯз дар шаҳри Душанбе чорумин нишасти сарварони китобхонаҳои миллии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) оғоз ёфт. Хабарнигори АМИТ «Ховар», ки дар ҷараёни нишасти мазкур иштирок дошт, атрофи барномаҳои ҳамоиш бо муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек МАҲМУДОВ суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Сараввал мехостам атрофи нишасти мазкур ва  ҳадафҳои он сухан мегуфтед.

Гадобек Маҳмудов: Ниҳодҳои гуногуни кишварҳои ҳамзабону ҳамсоя  ва ба ҳамдигар дорои робитаҳои хуби таърихӣ дар сатҳҳои гуногун ҳамкории илмӣ – фарҳангиро ба роҳ мондаанд, ки дар шинохту таҳкими ҳамдигарӣ мусоидат менамояд. Аз ҷумлаи ин гуна ҳамкорӣ нишасти сарварони китобхонаҳои миллии кишварҳои аъзои Созмони  хамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) мебошад. Баъд аз таваққуфи 7-сола нишасти мазкур бо талошҳои намояндагии Тоҷикистон дар ин созмон ва ташаббуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ки аз таваҷҷуҳу ғамхории Сарвари давлати тоҷикон ва фарҳангдӯстии ин миллат дарак медиҳад.

Бояд гуфт, ки чорумин нишасти сарварони китобхонаҳои  миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар ҳоле баргузор мешавад, ки  Тоҷикистон узви ин Созмон мебошад. Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Ҳукумати кишвар аз ҷониби Китобхонаи миллӣ роҳандозӣ гардида, дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар аввалин нишасти сатҳи баланди китобхонавӣ ба шумор меравад.

АМИТ «Ховар»: Баргузории чунин як нишаст ба кишвари мо чӣ манфиат хоҳад овард?

Гадобек Маҳмудов: Аз замони Шӯравӣ то кунун ин гуна ҳамоиши сатҳи баланди фарҳангию  китобхонавӣ дар кишвар бори аввал аст. Албатта, баргузории он бо чунин ҳайати пурнуфуз  самари соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо маҳсуб шуда, муаррифи соҳаи китоби тоҷикону Китобхонаи миллии кишвар дар ҷаҳон мебошад.  Чорумин нишасти сарварони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ба имзо расидани ёддоштҳои тафоҳум байни китобхонаҳои миллии кишварҳои узв ва ба роҳ мондани мубодилаи иттилоту дастрасӣ ба китоб байни китобхонаи ин кишварҳо дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки баргузории   нишасти сарварони китобхонаҳои  миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки ҷумҳуриҳои Тоҷикистон Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон,  Қирғизистон, Покистон, Туркия, Ӯзбекистон, Эрон ва Туркманистон узви он мебошанд, фурсати хубе барои масъалагузорӣ намудани тавсеа ва таҳкими ҳамкорӣ ба шумор меравад.  Аз ҷумла, пас аз нишасти  мазкур ҷиҳати таҳкими ҳамкории судманд байни китобхонаҳои миллии мазкур таҳияи лоиҳаи  феҳристи Китобхонаи миллии электронии давлатҳои СҲИ, таҳияи феҳристи ягонаи тамоми дастхатҳои нодири китобхонаҳои миллии кишварҳои узв ва баргузории конфронсҳои илмӣ-амалӣ оид ба масъалаҳои муҳими китобдории ҷаҳон, тасъсис ва интишори маҷаллаи тахассусӣ дар заминаи мубодилаи  таҷрибаи кишварҳои аъзои СҲИ дар назар дошта шудааст.

АМИТ «Ховар»: Китобхонаи миллии Тоҷикистон то ин муддат бо кадом китобхонаҳои дунё робита дорад?

Гадобек Маҳмудов: Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо рушд ёфт. Ҳоло  Китобхонаи миллӣ бо 28 китобхонаи кишварҳои хориҷӣ робитаи мустаҳкам дошта, барои ҳамкорӣ ёддошту тафоҳумнома ба тасвиб расонидааст. Алалхусус робита бо китобхонаҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Франсия хеле қавӣ мебошад. Моҳи сентябри соли равон бо кӯшишу талошҳои Сафорати Тоҷикистон дар Покистон ба Китобхонаи миллӣ бештар аз 306 адад нусхаи электронии китобҳои дастнавис ворид гардид. Миёни ин нусхаҳо  чанд китоби нодир, аз ҷумла, «Девон»-и Нуриддин Воизи Шопурӣ, «Таърихи Шокирхонӣ», «Изҳори адвия ва тасофири ҷонварон», «Таърихи ҳашт биҳишт» мавҷуданд, ки барои пажӯҳишгарону хонандагон хеле муфид арзёбӣ мешаванд. Аз ҷониби Китобхонаи миллии Франсия ва дигар китобхонаҳо солҳои охир беш аз 350 нусха китобу таҳқиқоти арзишманди илмӣ ворид шудаанд.

АМИТ «Ховар»: Итминони комил дорем, ки ин нишаст барои тақвияти бештари ҳамкорӣ бо давлатҳои узви СҲИ заминаи хуб фароҳам меоварад. Ташаккур барои суҳбат.

Гадобек Маҳмудов:   Саломат бошед!

 Зарангези ЛАТИФ

Ноябрь 27, 2017 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ЯХОБМОНӢ-ЗАХИРАИ НАМӢ БАРОИ СОЛИ ОЯНДА. Ин тадбири муҳим дар Тоҷикистон аз охири моҳи ноябр то моҳи феврал гузаронида мешавад
Ҳунарманди муҳрабоф Заррина Сайфиддинова бо маблағи гранти президентӣ маркази омӯзишӣ таъсис медиҳад
Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия, профессор, доктор Нуман Куртулмуш бо Агентии миллии итилоотии Тоҷикистон «Ховар» мусоҳибаи хаттӣ намуд
Эмомалӣ Раҳмон — аввалин роҳбари сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистон, ки ба низоми президентӣ маънои миллӣ бахшиданд
БЕМОРИИ ПӮСТ – ПСОРИАЗ. Оё он табобатшаванда аст?
Алӣ Ғиёсуддин Муҳаммад: «Тоҷикистон имкон дорад бо истифода аз захираҳои табиӣ ба яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил гардад»
ИМРӮЗ — РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Арзишҳои миллӣ дар кинои тоҷикӣ ҳамеша мавқеи марказӣ доранд
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Фарзанди шумо ба синфи якум рафт. Чӣ тавр бояд ба ӯ кумак расонд?
Муслим Сафоӣ аз Эрон: «Соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад»
ИММУНИЗАТСИЯ БАР ЗИДДИ ВИРУСИ ПАПИЛЛОМАИ ОДАМ. Он пайдошавии саратони гарданаки бачадонро пешгирӣ менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе — пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи сайёҳии дунё табдил ёфтааст