Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш доир намуд
ДУШАНБЕ, 22.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 ноябри соли 2017 бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Айнии вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ вобаста ба тадбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва масъалаҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамоиш баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи баргузории ҳамоиш аз таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ ва ба ин восита, татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи сайёҳӣ иборат мебошад.
Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол чун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбарҳо ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист.
Зикр шуд, ки маҳз бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи сиёсати «дарҳои кушода» Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гашта, дар кишвар барои ворид шудан ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда шуд.
Иштирокдорони ҳамоиш доир ба раванди ислоҳот дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла, дастгирии давлатии соҳа, пешниҳод гардидани имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар 5 соли фаъолияти аввали худ, аз фоида озод намудани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, беҳтар гардонидани сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон ва мизоҷон, таҳкими неруи зеҳнӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, хизматрасонӣ дар марказ ва манотиқи кишвар изҳори назар намуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш иштирокчиён аз хона-музей ва Осорхонаи замонавии «Туғрал», инчунин Осоишгоҳи «Санги гирён» боздид ба амал оварданд.
Хотиррасон мекунем, ки тӯли солҳои охир дар бахши сайёҳӣ як қатор ислоҳоти муҳим амалӣ карда шуда, заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа бо қабул ва татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди туризм ва дигар санадҳо устувор гардид.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






