Масъалаи нарасидани оби полезӣ ҳанӯз ҳам дар ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод ва Рашт ҳалношуда боқӣ мемонад

Ноябрь 27, 2017 13:03

ДУШАНБЕ, 27.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар сохтори кишоварзии ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва Лахш ҷиҳати азхудкунии заминҳои нав, обёрии заминҳо,  зиёд намудани майдони кишти картошка ва бунёди боғҳои нав 89 ҳазору 315 тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст.

Тибқи иттилои сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Лахш Нисратулло Латипов, соли 2017   мушкилии ҷиддии обёрии заминҳои  кишоварзӣ қисман бартараф гардид ва деҳқонон бо ҳавасмандии зиёд дар сохтори кишоварзӣ 2302 гектар картошка кишт намуда, аз он 53 ҳазору 618 тонна  ҳосил ҷамъоварӣ намуданд. То имрӯз кишоварзони ноҳия ба навоҳии ҷумҳурӣ 24 ҳазору 450 тонна картошка содирот карда, барои кишти  соли оянда 7330 тонна  картошкаи тухмии хушсифат захира намудаанд.

Соли 2017 мушкилоти обёрии заминҳои кишоварзии ноҳияи Рашт бартараф нагардид. Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Рашт Абдуразоқ Саломов гуфт, ки имсол кишоварзони ноҳия барои обёрии заминҳои кишоварзӣ якчанд маротиба  ба ҳукумати ноҳия ва Идораи давлатии беҳдошти замин  ва обёрии ноҳия муроҷиат намуданд, вале аз сабаби набудани техника ва  маблағгузорӣ нагардидан он ҳамчун  мушкилии асосии ноҳия  боқӣ монд.

Кишоварзони ноҳия бо  кӯшишу заҳмати худ дар сохтори  кишоварзӣ дар майдони 1002 гектар  картошка кишт намуда, аз он 22 ҳазору 415 тонна ҳосил гирифтанд, ки ба ҳар як гектар 222 сентнерӣ  рост меояд. Ҳоло деҳқонон барои кишти  соли 2018, 2500 тонна картошкаи тухмӣ захира намудаанд.

Кишоварзони ноҳияи Тоҷикобод соли 2017 дар сохтори кишоварзӣ 580 гектар картошка кишт намуда, аз он 13 ҳазору 282 тонна картошка ҷамъоварӣ намуданд. Дар айни замон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ  850 тонна картошкаи тухмӣ захира намудаанд. Мутаассифона, аз сабаби набудани техника ва манбаъҳои маблағгузорӣ мушкилоти обёрии заминҳои кишоварзӣ, махсусан барои кишти картошка то имрӯз боқӣ мондааст ва деҳқонон аз сабаби нарасидани оби полезӣ наметавонанд ҳосили баланд ба даст оранд.

Мушкилоти  обёрии заминҳои кишоварзии ноҳияи Нуробод мисли ҳамешагӣ боқӣ мондааст,  вале мудири шуъбаи кишоварзии ноҳияи Нуробод Рустам Ҳақназаров аз додани иттилоъ оид ба ҷамъоварии картошка, дурнамои кишти картошка дар соли 2018, захираи тухмии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва обёрии заминҳои кишоварзӣ  худдорӣ намуд.

Тавре кишоварзони ноҳияҳои мазкур иброз намуданд, аз сабаби баланд гардидани нархи ин сабзавот дар бозорҳои ҷумҳурӣ  картошкапарварони  минтақа барои бештар намудани майдони кишти он  ҳавасманд гардидаанд.

Хушбахтона, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон техникаҳо бо таҷҳизоти коркарди картошка дар ноҳияҳо мавҷуд мебошанд ва деҳқонон зимни коштану парвариши картошка азоб намекашанд. Вале мушкилоти асосии кишоварзони ноҳияҳои мазкур- нарасидани оби полезӣ ҳанӯз ҳам ҳалношуда боқӣ мемонад.

 

Ноябрь 27, 2017 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад