Муҳиба Маҳмадҷонова, доктори илмҳои фалсафа: «Аз парафшонии Парчами Тоҷикистон меболем ва диламон саршори ғуруру ифтихори миллӣ мегардад!»
ДУШАНБЕ, 24.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳар вақте ки дар дасту китфони ҷавонони тоҷик Парчами кишварро ҳамчун рамзи ватандорӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, сарсупурдагӣ ба ному шарафи он мебинем ё ҳангоми як варзишгари тоҷик онро боло мебардорад ва дар арсаи ҷаҳонӣ бо ифтихор парафшонӣ мекунад, мо меболем ва диламон саршори ғуруру ифтихори миллӣ мегардад», — гуфт ҳангоми суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» доктори илмҳои фалсафа, муовини директори Пажӯҳишгоҳим фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинова АИ ҶТ Муҳиба Маҳмадҷонова.
Бино ба суханони ӯ, соли равон ҷашнҳои муҳими миллӣ- 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ, 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуданд, ки таҷлили онҳо нишонаи сулҳу субот ва амнияту ваҳдат, истиқрори ниҳодҳои демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди кишвар мебошанд.
Дар иртибот ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуктаеро таъкид намуданд, ки моҳияти давлатдории кунунии моро муайян намудааст: «Маҳз давлати миллӣ, давлати соҳибистиқлолу озоди демократӣ имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки мо андешаи ваҳдати миллиамонро ба вуҷуд орем ва роҳу равиши халқамонро ба сӯи оянда муайян созем, андешаи ҷомеъ ва ҷовидонаеро ба вуҷуд орем, ки бунёди онро адолат ташкил дода, мардумро якрӯҳу ягона созад, аз арзишҳои аслии фармаънавии аҷдодамон сарчашма гирад, имрӯзу фардои давлатро бо ҳам пайванд созад ва мавриди қабули аксари афроди ҷомеа бошад».
Ҳар сол дар ин рӯзи тирамоҳ- 24 ноябр Рӯзи Парчам ботантана ҷашн гирифта мешавад.
«Имрӯз мо таҳти парчами хеш сарҷамъ шудаем, аз як гиребон сар баровардаем, ватани азизу ҷоноҷони хешро аз ҷисму ҷони хеш месозем ва дӯст медорем. Ва дар даст парчами Тоҷикистон мардуми кишвари азизамонро бо Рӯзи Парчам табрик мегӯем», — иброз дошт Муҳиба Маҳмадҷонова.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






