Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинони шаҳри Истиқлол
ДУШАНБЕ, 16.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз ифтитоҳи Корхонаи металлургии Ширкати саноатии кӯҳии Тоҷикистону Хитой ва шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар коргоҳи мазкур дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Корхонаи металлургии «Ширкати кӯҳиву саноатии Тоҷикистону Хитой» ва роҳбарияту фаъолони шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд мулоқоти судманд анҷом доданд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва кулли сокинони шаҳри Истиқлолро ба муносибати ифтитоҳи боз як корхонаи бузурги саноатии мамлакат, ки ба рӯзҳои таҷлили 25 — солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон рост омад, табрику муборакбод гуфтанд.
Сарвари давлат ба сармоягузорон, мутахассисону сохтмончиён, аз ҷумла, ба роҳбарияти «Ширкати кӯҳиву саноатии Тоҷикистону Хитой», ки дар бунёди ин корхонаи азими саноатӣ саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён намуданд.
Таъкид гардид, ки бунёди корхонаи металлургии Минтақаи саноатии Тоҷикистону Хитой дар шаҳри Истиқлол боз як қадами ҷиддӣ ба сӯи саноатикунонии мамлакат мебошад.
Ифтитоҳи корхонаи бузурги саноатӣ идомаи раванди бунёдкориву созандагӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон буда, нақши ин коргоҳи бузурги истеҳсолӣ дар рушди соҳаи саноати миллӣ, афзудани иқтидори истеҳсолии мамлакат, даромади буҷет, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ, бахусус, рӯзгори сокинони шаҳр ва вилоят муассир хоҳад буд.
Зимни вохӯрӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро дар бахшҳои гуногун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар назди роҳбарияти вилоят ва шаҳр доир ба беҳтар намудани нишондодҳои истеҳсолӣ ва рушди иҷтимоию фарҳангӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Пас аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон Юе Бин ва намояндагони касбу кори гуногун, собиқадори меҳнат Саодат Муҳаммадиева, коргарони ҷавони корхонаи навтаъсис Эмомалӣ Норов ва Абдуғаффор Ҷабборов баромад карданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон Юе Бин зимни суханронии хеш аз рушди муносибатҳои дӯстию шарикии стратегии роҳбарон ва ҳукуматҳои ду кишвар ва дастгириҳои Президенти мамлакат оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак бар нафъи мардумони Тоҷикистону Хитой андешаронӣ кард.
Сокинони шаҳри Истиқлол барои туҳфаи арзанда- корхонаи бузурги саноатӣ, ки боиси таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, инчунин омили муҳими ғанӣ гардидани буҷаи шаҳр мегардад, изҳори сипоси бепоён карданд.
Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони шаҳр барои истиқболи самимӣ изҳори сипос карда, бо итминон иброз доштанд, ки мардуми сарбаланди вилояти Суғди бостонӣ бо фаъолияти созандаи худ дар баланд бардоштани натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизамон ва таъмини рӯзгори шоистаи мардуми мамлакат минбаъд низ саҳми сазовор мегузоранд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






