Супоридани хонаи истиқоматӣ барои кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 6, 2017 09:26

ДУШАНБЕ, 06.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшон, кӯчаи Бобо Ҳамдами шаҳри Душанбе бинои 9 ошёна барои кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мазкур дар рӯзи таҷлили солгарди навбатии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзӣ буда, шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон нисбат ба кормандони ин сохтори муҳими давлатӣ мебошад.

Хабар дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматии бунёдшуда дар масоҳати 0,18 га. қитъаи замини ҷудогардида оғоз ёфта, масоҳати умумии зери сохтмони он 646,1 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Тарҳи сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби ҶСК “Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашиву ҷустуҷӯии САНИИОСП” омода шуда, арзиши лоиҳавии сохтмон қариб 17 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ мебошад. Тазаккур дода шуд, ки бунёди иншоот бо сарфи 3 миллион сомонӣ бо сифати хуб ва ҷавобгӯ ба шароитҳои замонавӣ ба анҷом расонида шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмону васлкуниро ҶДММ “Иморатсоз” ба итмом расонд. Бинои мазкур дорои таваққуфгоҳ бо масоҳати умумии 590 метри мураббаъ ва ба хотири таъмини фароғати фарзандони бошандагон майдонча барои бозии бачаҳо бо масоҳати умумии 255 метри мураббаъ мебошад.

Бинои истиқоматии мазкур дорои 54 хона, аз ҷумла 18 хонаи сеҳуҷрагӣ, 18 дуҳуҷрагӣ ва 18 якҳуҷрагӣ буда, манзилҳои зист аз 57 то 83 метри мураббаъ масоҳат доранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносӣ бо шароити бино ва сифати корҳои анҷомшуда баҳои сазовор доданд ва аз сокинони хуштолеъ-кормандони мақомоти прокуратура даъват ба амал оварданд, ки хизматро ба нафъи халқу Ватан аз пештара дида хубтар ба роҳ монанд.

Дар навбати худ нафарони соҳиби манзилҳои истиқоматӣ гардида, ба роҳбари давлат барои дастгириҳои пайваста арзи сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин гуна қадршиносӣ онҳоро дар иҷрои масъулияту вазифаҳои бардушдоштаашон дучанд ҳавасманду масъулиятшинос хоҳад кард.

Супоридани хонаи истиқоматӣ барои кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон 06.11.2017

Ноябрь 6, 2017 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд