ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 22 ноябр, чоршанбе, 326-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 39 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Ноябрь 22, 2017 08:03

 

Тақвими моро дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

22 ноябри соли 2002 дар «Конгресс-сентр»-и шаҳри Прага Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити давлатҳои узви Шӯрои шарикии Аврупою Атлантика, ки кишварҳои НАТО ва барномаи «Шарикӣ ба хотири сулҳ» (ҳамагӣ 46 кишвар) узви он мебошанд, суханронӣ карда буданд.

***

22 ноябри соли гузашта дар Қасри миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14 Сафири Фавқулода ва Мухтори кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимоднома қабул намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1993 Арманистон пули миллии худ – драмро ба муомилот бароварда буд.

 

22 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Арманистон – Рӯзи кормандони бонкдорӣ.

***

Дар Ливан – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони прокуратура

 

РӮЙДОДҲО:

22 ноябри соли 1962 Иттифоқи кинематографони Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1966 Парлумони Испания Конститутсияи нав қабул намудааст.

***

22 ноябри соли 1967 Шӯрои амнияти СММ барои баровардани ҷангиёни Исроил аз ҳудуди забтшудаи арабҳо қарор қабул карда буд.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1806 аввалин шумораи рӯзнома бо забони франкоӣ дар Канада  «Ле Канадиен» нашр  шудааст.

***

Соли 1986 Майк Тайсони 20-сола унвони ҷавонтарин чемпиони ҷаҳон оид ба боксро ба даст оварда буд.

Ноябрь 22, 2017 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш