«БИЁЕД, ВОЛОНТЁР МЕШАВЕМ!» 5 декабр- Рӯзи байналмилалии волонтёрон
ДУШАНБЕ, 05.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 5 декабр Рӯзи байналмилалии волонтёрон (ихтиёриён) таҷлил карда мешавад. Ин рӯз аз тарафи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 1985 пешниҳод шуда, аз ҳамон сол инҷониб он ҳамчун иди расмӣ мақоми байналмилалӣ пайдо кардааст.
Волонтёрон шахсоне мебошанд, ки ройгон ба фоидаи ҷомеаи худ кор карда, барои кори кардаи худ подош талаб намекунанд. Онҳо мехоҳанд ба одамон кумак расонида, ҷомеаи худро нигоҳ доранд ва худро узви хуби ҷомеа эҳсос кунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви Созмони Милали Муттаҳид мебошад, имрӯз аз ин фаъолият бархурдор буда, дар самти мазкур аз тарафи давлату ҳукумат тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» қабул гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2014 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти волонтёрӣ муайян гардид.
Тавре мудири бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Маҳмадуллоев ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти волонтёрӣ хуб ба роҳ монда шуда, волонтёрон дар баргузории як зумра ҷамъомадҳои сиёсӣ, фарҳангиву фароғатӣ, илмӣ-маърифатӣ, варзишӣ-оммавӣ ва барномаҳои сатҳи байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, саҳми худро дар пешрафти кишвар мегузоранд.
«Бо назардошти пешрафти илм фаъолияти волонтёрӣ дар дунё бо як сатҳ ва механизми нав рӯи кор оварда шуд. Ин фаъолият имрӯз дар тамоми самтҳо васеъ истифода мешавад. Бояд гуфт, ки аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта истифода намуда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти волонтёрӣ аз соли 1997 ба роҳ монда шуд. Ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти волонтёрӣ имкониятҳо фаррох гардида, дар заминаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон толори барҳаво барои таъмини устувории ин фаъолият бо номи «Клуби волонтёрон» фароҳам оварда шудааст»,- гуфт Зубайдулло Маҳмадуллоев.
Ба иттилои номбурда, имрӯз дар назди «Клуби волонтёрон» маҳфили волонтёрон фаъолият намуда, дар он зиёда аз 300 нафар ҷавонон ба фаъолияти волонтёрӣ фаро гирифта шудаанд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода дар мавриди кори волонтёрон иброз дошт, ки «дар ҷомеаи имрӯза волонтёрон ҳамчун ташаббускору навовар метавонанд бо кору пайкори намунавӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои миллию суннатӣ, ҳурмати калонсолон, бахусус падару модар, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, дӯстию, рафоқат, ору номуси ватандорӣ ва ҳисси меҳанпарастиро дар ниҳоди ҳамсолону ҳамкасбони худ ҷойгир созанд. Муттаҳид ва сарҷамъ будани волонтёрон дар доираи мақсадҳои хайрхоҳона, кумакрасонӣ, ҳамоҳангсозӣ, мусоидат ба ҳалли мушкилиҳои гуногун, аз ҷумла, иттилоотӣ, экологӣ ва фаҳмондадиҳӣ лоиқи аҳсану дастгирӣ мебошад».
Имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон дар қаламрави кишвар таҳти унвони «Волонтёрӣ шараф аст!» барномаҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор мегарданд. Таҷлили ин рӯз далели таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар нисбат ба фаъолияти содиқонаву фидокоронаи волонтёрон мебошад.
Тавре волонтёри Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Садбарг Раҳимова баён намуд, ӯро маҳз ҳамоиши тарбиявии «Ало, салом Модар, ман туро дӯст медорам!», ки аз ҷониби худи волонтёрон роҳандозӣ шудааст, ба фаъолияти волонтёрӣ овард. Ба гуфтаи Садбарг, рӯзе ӯ аз хона қаҳр намуда, дар роҳ бо волонтёрон ҳамсуҳбат мегардад ва бо як занги телефонии «Ало, салом Модар, ман туро дӯст медорам!» аз модар узрхоҳӣ мекунад.
«Таи як соле, ки ман волонтёр ҳастам, тавонистам ҷаҳонбинии хешро васеъ намуда, дӯстони зиёд пайдо намоям. Маҳз волонтёрӣ ба ман имкон фароҳам овард, ки дар барномаҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ҳунару истеъдоди худро такмил диҳам», — зикр намуд Садбарг Раҳимова.
Ҳамчунин волонтёр Амирҷон Урунов илова намуд, ки фаъолияти волонтёрӣ мактаби бузурги худташаккулдиҳии ҷавонон аст. “Ин роҳ ба ман имкон дод, то дар партави сиёсати созанда ва маорифпарваронаи Пешвои миллат, ки намунаи олии ибрати мо ҷавонон аст, фаъолият намуда, онро сармашқи кори ҳаррӯзаи хеш қарор диҳам. Волонтёрӣ иқдомест, ки бе маблағ, ихтиёрӣ ва хайрхоҳона ба нафаре кумак мерасонӣ. Дар ҷомеаи имрӯза агар ҷавонмард кумак карда тавонаду онро дареғ дорад, пас он ҷавонмардӣ нест. Аз ин рӯ ман волонтёрам ва аз ин мефахрам. Имрӯз ба чавонон муроҷиат намуда мегӯям, ки биёед, волонтёр мешавем!»,- гуфт Амирҷон Урунов.
Бояд гуфт, ки имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои миллат- рамзи иттиҳод ва сарҷамъии мо» ҳамоиши волонтёрони ҷумҳурӣ доир мешавад.