Дар Бишкек байни Тоҷикистон ва Қирғизистон машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд

Декабрь 30, 2017 10:10

ДУШАНБЕ, 30.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 27 декабри соли 2017 дар шаҳри Бишкек байни Тоҷикистон ва Қирғизистон машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд, ки дар он ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Зоир Саидзода ва ҳайати Қирғизистонро муовини аввали Вазири корҳои хориҷӣ Д. Кемелова роҳбарӣ карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни машваратҳо тарафҳо масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро дар самтҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамчунин оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва дигар мавзӯоти мавриди эҳтимоми тарафайн гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки корро соли 2018 чиҳати ташкили вохӯриҳо дар сатҳи баланд ва олӣ идома хоҳанд дод.

Дар интиҳо тарафайн изҳори боварӣ карданд, ки муносибатҳои дӯстона байни Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳамсоягии нек ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, соҳаҳои обу энергетикӣ, равобити фарҳангӣ-гуманитарӣ мусоидат хоҳад кард.

Декабрь 30, 2017 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд