ФУТЗАЛ: рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё муайян шуданд

Декабрь 12, 2017 16:03

ДУШАНБЕ, 12.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 11 феврали соли 2018 дар шаҳри  Тайбэйи Чин Чемпионати Осиё-2018 оид ба футзал баргузор мегардад.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, маросими қуръакашии мусобиқоти мазкур имрӯз баргузор шуд. Тибқи он дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби қавии Осиё — Ӯзбекистон, Япония ва Кореяи Ҷанубӣ ба гурӯҳи «В» шомил шуд. Ба гурӯҳи «А»  дастаҳои  мунтахаби Тайбэйи Чин, Ветнам, Малайзия ва Баҳрайн, дар гурӯҳи «С» дастаҳои  мунтахаби Эрон, Ироқ, Чин ва Мянма, дар гурӯҳи «Д»  дастаҳои  мунтахаби Тайиланд, Қирғизистон, Лубнон ва Урдун шомил шуданд.

Ёдовар мешавем, ки баҳри омодагӣ ба ин мусобиқот дастаи мунтахаби Тоҷикистон   бо  дастаи мунтахаби Туркия оид ба футзал дидорҳои дӯстона анҷом медиҳанд.

Бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон ва Туркия 26 ва 27 декабр дар шаҳри Душанбе барпо мегарданд.

 

Декабрь 12, 2017 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд