Ифтитоҳи биноҳои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 19.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ биноҳои иловагии синфхонаи ҳунаромӯзӣ, ошхона бо 180 ҷойи нишаст, толори маҷлис бо 400 ҷой ва толори муосири варзишӣ бо 150 ҷой нишастро дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44 мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Фармоишгари бунёди иншооти мазкур Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, корҳои сохтмониро дар давоми 11 моҳ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТИСМ” ба анҷом расонидааст. Дар давраи сохтмон 120 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки маблағи умумии корҳои сохтмону муҷаҳҳазгардонӣ беш аз 8 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоӣ аз шароити мактаби мазкур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, онро дар арафаи фарорасии Соли нав тӯҳфаи арзанда ба омӯзгорон ва хонандагони ин муассисаи таълимӣ арзёбӣ намуданд.
Омӯзгорону хонандагони мактаб ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат бобати фароҳам овардани чунин шароити муосиру замонавии таълим изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Ҳангоми суҳбати озоду ошкоро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз омӯзгорон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои мусоиде, ки давлату Ҳукумат ба онҳо фароҳам овардааст, сатҳи таълиму тарбияи насли наврасро боз ҳам беҳтар намоянд.
Тавре маълум гардид, қаблан хонандагони ин даргоҳи илму маърифат ба толори варзишӣ ва ошхонаву маҷлисгоҳ ниёз доштанд. Акнун бо шарофати дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хонандагони пойтахт шароити муосири таълиму ҳунаромӯзӣ ва тарбияи бадан муҳайё гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рафти сохтмони иншооти муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд.
Хабар дода шуд, ки айни ҳол дар шаҳри Душанбе 15 мактаби таҳсилоти умумӣ бунёд шуда истодааст ва ҳамаи онҳо дар соли 2018 ба истифода дода мешаванд. Бо мақсади таъмини хонандагони мактабҳои пойтахт бо синфхонаҳои муосири фаннӣ, синфхонаҳои ҳунаромӯзӣ, ошхона, майдону толорҳои варзишӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба роҳ монда шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар маҷмӯъ то соли 2019 бештар аз 21 ҳазор ҷойҳои нишасти иловагӣ барои муассисаҳои таълимии пойтахт муҳайё карда мешавад.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд






