Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе: воситаҳои нақлиёти худро дар ҷойҳои муайян гузоред, то ки барои тоза намудани роҳҳо аз барф монеа эҷод накунед!

Декабрь 1, 2017 11:20

ДУШАНБЕ, 1.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон,  шурӯъ аз рӯзҳои аввали моҳи декабри соли 2017 дар ҷумҳурӣ боришоти борону барф дар назар дошта шудааст. Дар  ин рӯзҳо дар пойтахт- шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва   боридани борону барф  пешгӯӣ шудааст.

Дар робита ба ин Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба шаҳрвандон муроҷиатнома қабул кардааст. Дар он чунин омадааст:

-Шаҳрвандони муҳтарам! Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бо назардошти он, ки рӯзҳои аввали моҳи декабр дар пойтахт  боришоти барфу борон дар назар дошта шудааст,  аз ҳамаи  сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе, бахусус ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати фаъолияти бемонеаи техникаю механизмҳои роҳнигоҳдорӣ барои тоза намудани роҳҳо аз барф ва таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёти мусофирбар воситаҳои нақлиёти худро дар канори роҳ ва дигар ҷойҳои номуайян, бахусус истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ нагузоранд. Зеро воситаҳои нақлиёти дар ҷойҳои номуайян гузошта барои тоза намудани роҳҳо аз барф монеа эҷод мекунанд.

Декабрь 1, 2017 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад