Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе: воситаҳои нақлиёти худро дар ҷойҳои муайян гузоред, то ки барои тоза намудани роҳҳо аз барф монеа эҷод накунед!
ДУШАНБЕ, 1.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, шурӯъ аз рӯзҳои аввали моҳи декабри соли 2017 дар ҷумҳурӣ боришоти борону барф дар назар дошта шудааст. Дар ин рӯзҳо дар пойтахт- шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва боридани борону барф пешгӯӣ шудааст.
Дар робита ба ин Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба шаҳрвандон муроҷиатнома қабул кардааст. Дар он чунин омадааст:
-Шаҳрвандони муҳтарам! Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо назардошти он, ки рӯзҳои аввали моҳи декабр дар пойтахт боришоти барфу борон дар назар дошта шудааст, аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе, бахусус ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати фаъолияти бемонеаи техникаю механизмҳои роҳнигоҳдорӣ барои тоза намудани роҳҳо аз барф ва таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёти мусофирбар воситаҳои нақлиёти худро дар канори роҳ ва дигар ҷойҳои номуайян, бахусус истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ нагузоранд. Зеро воситаҳои нақлиёти дар ҷойҳои номуайян гузошта барои тоза намудани роҳҳо аз барф монеа эҷод мекунанд.









Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






