МАН БА ЗЕБОИИ БЕИЛМ ХАРИДОР НАЯМ… Дар Душанбе конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Лоҳутӣ ва шеъри муосири тоҷик» баргузор гардид

Декабрь 5, 2017 15:22

ДУШАНБЕ, 05.12.2017  /АМИТ «Ховар»/. Ман ба зебоии беилм харидор наям…, Айб аст ту бедонишу мардум доно…, Бояд, ки қарин шавад зан бо мард…, …Печаву чодар бисӯзон, тарки ин хорӣ бикун!- инҳо яке аз сад хитобаҳо ва даъватҳоеанд, ки устод Абулқосим Лоҳутӣ ба духтарони Шарқ кардааст. Яъне ҳангоми мутолиаи чунин шеърҳо пай бурдан душвор нест, ки Абулқосим Лоҳутӣ аз муборизони озодии занон, бедонишӣ ва беҳуқуқии занону духтарон дар баробари издивоҷи чандгона, маҷбурӣ ва никоҳи муваққат, ки имрӯз низ дар бисёре аз ҷомеаҳои мусулмонӣ роиҷ аст, ба шумор меравад. Устод Лоҳутӣ тариқи шеърҳояш занҳоро ба омӯзиши илму дониши замон, тарки ҳиҷоб кардан ва барои ҳуқуқу озодиҳои хеш талош варзидан даъват намудааст. Ин матлабро муҳаққиқи ҷавон Умеда Султонмаҳмадова зимни баргузории конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Лоҳутӣ ва шеъри муосири тоҷик», ки  ба 130-солагии  яке аз асосгузорони адабиёти муосири тоҷик устод Абулқосим Лоҳутӣ бахшида шуда буд, изҳор намуд.

Ба андешаи ин муҳаққиқи ҷавон, мавзӯи озодии занон дар осори баъдии шоир бо воқеияти дигару заминаҳои бештар вусъат пайдо мекунад, ки ин ба шароити нав ва марҳилаи сифатан дигари зиндагии шоир алоқаманд мебошад ва таҳқиқу баррасии он метавонад дар лоҳутишиносӣ, дар маҷмӯъ адабиётшиносии муосири тоҷик саҳифаҳои нав боз намояд. Зеро занони имрӯз маҳз бо муборизаҳои Лоҳутӣ ва ҳамсафонаш ба озодиҳое, ки акнун аз он бархурдоранд, шарафёб гардидаанд.

Дар ин ҳамоиши илмӣ, ки дар Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид,  олимону донишмандон аз Эрон, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Донишгоҳи давлатии  шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Н. Хусрав ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров дар мавзӯъҳои «Устод Лоҳутӣ ва шеъри имрӯз», «А. Фирдавсӣ аз назари А. Лоҳутӣ», «Назари Лоҳутӣ ба хурофот», «Лоҳутӣ ва Фаррухии Яздӣ-шоирони муборизи аҳди машрутаи Эрон», «Бунёди пайкараи устод Лоҳутӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет», «Тарҷума-мактаби бузурги маҳорати адабии устод Лоҳутӣ», «Лоҳутӣ — шоири асри бедорӣ», «Истилоҳоти сиёсӣ дар дар ашъори Лоҳутӣ»  маърӯзаҳо карданд.

Лоҳутишиносон таъкид доштанд, ки мактаби Лоҳутӣ дар адабиёти муосири тоҷик бузург аст.    Ашъори ин шоири шаҳир, ки муҳтавояш ватандӯстиву хештаншиносӣ аст, миёни хонандагон бисёр машҳур гаштааст. Ҳамчунин дар осораш ҳодисаҳои сиёсиву иҷтимоӣ аз чашми ӯ дур намонда, дар ҷойи аввали тасвир қарор гирифтааст. Ҳамзамон  устод Абулқосим Лоҳутӣ яке аз тарҷумонҳои моҳири асарҳои бузургони замон ба ҳисоб рафта, зимни тарҷума рӯҳ ва оҳанги асл, ғояву образҳо,  хусусияти миллӣ ва тарзи тафаккури адибони гуногуни ҷаҳонро барҷаста нигоҳ доштааст. Тарҷума барои ӯ мактаби бузурги маҳорати адабӣ буда, аз тарзи сухан гуфтану сабки мулоҳизаҳояшон ба шавқ меомад ва ба мисли онҳо асарҳои олимазмун таълиф менамуд.

Яке аз шоирони бузурги дигари тоҷик устод Мирзо Турсунзода дар бораи А. Лоҳутӣ гуфтааст: «Мо, адибони тоҷик ду бузург, ду устоди забардаст-С. Айнӣ дар назм ва А. Лоҳутӣ дар наср дорем». Ба андешаи адибон, ҳанӯз ҳам  ҳангоми мутолиаи шеъри муосири тоҷик чеҳраи Лоҳутӣ пеши назар меояд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки  ӯ дар ҳақиқат асосгузори адабиёти муосири тоҷик аст.

Декабрь 5, 2017 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд
Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва ба даст овардани 10 фоиз маблағи сарфкарда
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Алишер Идизода муовини якуми раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид