“МАН ҲУҚУҚ ДОРАМ!” 10 декабр-Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон

Декабрь 10, 2017 09:29

ДУШАНБЕ, 10.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 декабр дар саросари ҷаҳон  Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1948 дар шаҳри Парижи Франсия аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардидааст.

Мақсади таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон- ин ба ҷомеа ва ҳар як фард расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар як фард мебошад. Азбаски Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеа ин санади байналхалқиро эътироф кардааст,  мо низ ин рӯзро бо баргузор намудани конфронсу семинарҳои махсус ва дигар чорабиниҳои алоҳида ҷашн мегирем.

Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир яке аз сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва пайдоиши конститутсияҳо мебошад, ки соли 539-уми пеш аз мелод аз ҷониби  асосгузори давлати Ҳахоманишиён — шоҳ Куруш қабул гардидааст.   Эъломияи мазкур, ки матнаш бо забони аккадӣ то ин замон омада расидааст, бо номи «Силиндри Куруш» низ маълум ва  машҳур буда, дар шакли гилнавишти силиндрмонанд тартиб дода шудааст.

Эъломияи умумии ҳуқуқи башар яке аз санадҳои муҳими байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад, ки дар партави Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва аз ҷониби СММ қабул карда шудааст. Маврид ба зикр аст, ки бо раванди инкишофи ҷаҳон ҳар давлат Конститутсияи худро қабул менамояд. Қабули ин санади муҳими давлатӣ, пеш аз ҳама, бо истифода аз таҷрибаи Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва дигар санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсон ба роҳ монда мешавад.  10 сол қабл аз ин, 5 ноябри соли 2007 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми табрикӣ ба муносибати 13-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: «Конститутсияи Тоҷикистон бар пояи андешаи созанда, арзишҳо ва суннату анъанаҳои пурқимати миллии мо ва дар айни замон бо дарназардошти тафаккур ва таҷрибаи пешқадами ҷомеаи мутамаддини башарӣ таҳия гардидааст. Чуноне ки аз эъломияи Куруши Кабир — аввалин эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният ва маҳсули хирад ва таҷрибаи ниёгони мо бармеояд, миллати куҳанбунёд ва тамаддунсози тоҷик аз қадимулайём ҳамеша барои озодӣ, баробарҳуқуқӣ ва зиндагии орому осуда талош доштааст».  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, Конститутсияи худро 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда, 3 маротиба- 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид намуд. Тибқи Конститутсия дар Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахс муқаддас шуморида шуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.   Оид ба дигар санадҳои муҳим дар самти ҳифз ва гиромидошти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дигар санадҳои байналмилалие, ки дар ин самт қабул карда шудаанд, хабарнигори АМИТ «Ховар» бо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода ҳамсуҳбат шуд.

АМИТ «Ховар»: Пайдоиш, замина ва рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон… Дар ин бора чӣ гуфтан мехостед?

Эмомалӣ Насриддинзода: Аслан қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон аз Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дар баробари ба даст овардани соҳибихтиёрӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро дар меҳвари сиёсати худ қарор дода, фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ ва умуман давлатро ба беҳбуд бахшидани вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини дахлдори онҳо равона кардааст. Чунин андешаҳои конститутсионӣ, ки мумкин аст онҳоро аз нахустин заминаҳои рушди қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар таърихи навини Тоҷикистон номид, ин баромадҳои нахустини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси вақти Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи сарнавиштсози 16 Шўрои Олӣ мебошад. Манзурам он аст, ки ҳанўз дар он Иҷлосия Пешвои миллат эълон доштанд, ки «мо ҷонибдори бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошем». Маҳз ҳамин андешаҳои давлатсозро метавонем заминаи рушди минбаъдаи қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқи инсон шуморем. Аз ин ҷо аллакай пайдо буд, ки фаъолияти минбаъдаи ин давлат ва Роҳбари тозаинтихоби ў ҳамагӣ барои таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва рушди озодонаи ҳар як сокини ин мамлакат равона хоҳад гашт. Ва ҳамин гуна ҳам шуд.

Минбаъд мардум дар Конститутсияи Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ин ҳадафро «либоси конститутсионӣ» пўшонида, расман эълон дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мебошад. Дар ислоҳоти баъдинае, ки ба Конститутсия се маротиба дигаргунӣ ворид карда шуд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини дахлдори онҳо мояи асосӣ буданд ва онҳо низ зинаҳои рушди қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқи инсон ба ҳисоб мераванд.

АМИТ «Ховар»: Дар партави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз кадом санадҳои миллиро метавон таъминкунандаи ҳуқуқ ва озодии инсон номид?

Эмомалӣ Насриддинзода: Албатта, Конститутсия бо вуҷуди санади асосии меъёрии ҳуқуқӣ оид ба давлатсозӣ будан, кулли муносибатҳои ҷамъиятиро муфассал дар бар гирифта наметавонад. Дар он танҳо принсипҳои асосӣ ва самтҳои асосии сиёсати ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд. Аз ин рў, оид ба ҳар як соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ вобаста ба зарурат санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ қабул карда мешаванд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон низ аз ин қоида истисно нестанд. Ҳуқуқу озодиҳои инсонро Конститутсия арзиши олӣ эътироф намуда, онҳоро мазмуни фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор эълон намуда, бо ҳамин ҳуқуқ ва озодии инсонро аз афзалиятҳои сиёсати ҳуқуқӣ мешуморад. Паҳлӯҳои алоҳида ва ҳуқуқу озодиҳои алоҳидаи инсон ва шаҳрвандро қонунҳои алоҳида мустаҳкам мекунанд, ки қонунгузорӣ оид ба интихобот ва раъйпурсӣ, қонунгузорӣ оид ба оила, маориф, тандурустӣ, гражданӣ, манзил, замин, дар бораи судҳо, дар бораи мақомоти алоҳидаи давлатӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

АМИТ «Ховар»: Ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон чӣ гуна амалӣ карда мешавад? Ҳолати амалишавии санадҳоеро, ки вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар боло зикр намудед, шарҳ медодед.

Эмомалӣ Насриддинзода: Амалияи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, хушбахтона, дар кишвари мо дар сатҳи хуб қарор дорад. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии номбурда, ки ҳуқуқу озодиҳои алоҳидаи инсонро мавриди ҳимоя қарор медиҳанд, ҳар кадоме вобаста ба муносибатҳои ҷамъиятии дахлдор аз ҷониби мақомоти алоҳида амалӣ карда мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд воситаи ҳимояи ҳуқуқи инсон фаъолият менамоянд, ки паҳнгаштатарини онҳо ҳимояи ҳуқуқи инсон аз ҷониби мақомоти судӣ мебошад. Дар ҳама кишварҳои мутамаддин суд ҳамчун воситаи асосии ҳимояи ҳуқуқи инсон амал намуда, ҳар як шахс метавонад дар мавриди поймол гардидани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ ба он муроҷиат намояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳокимияти судӣ дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардида, фаъолият менамояд. Низоми судиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст ва онҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар сатҳи дахлдор ҳимоя менамоянд. Ҳамзамон як қатор мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ дар хизмати мардум мебошанд.

АМИТ «Ховар»:         Ба ғайр аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар чанд санади дигари байналмилалиро Тоҷикистон эътироф  намудааст, ки онҳо барои эҳтиром ва ҳифзу пешрафти ҳуқуқи инсон нақш мегузоранд

Эмомалӣ Насриддинзода: Бале. Бояд зикр намуд, ки мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии мамлакатро ташкил медиҳанд. Албатта, имрўз дар сатҳи байналмилалӣ санадҳои зиёди ҳуқуқии байналмилалӣ қабул гардидаанд, ки дар доираи ин ё он созмони байналмилалӣ амал менамоянд. Дар ин миён дар доираи Созмони Милали Муттаҳид доираи васеи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие қабул гардидаанд, ки ба ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд дахл доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун қисми ҷудонашаванда ва узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қисми зиёди ин санадҳои байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, онҳоро эътироф намудааст. Вобаста ба ин мамлакати мо ҳамасола давра ба давра дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ уҳдадориҳоеро, ки аз ин санадҳо бармеоянд, сари вақт иҷро намуда, ба мақомоти алоҳидаи СММ гузоришҳо пешниҳод менамояд. Дар ин миён Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳо, Конвенсияҳои алоҳида дар доираи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ва як зумра  санадҳои дигари ҳуқуқии байналмилалиро метавон ном бурд.

АМИТ «Ховар»: Ҳидоят Бишчевич — сардори Намояндагӣ ва Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон  дар як суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфтааст, ки ҳимояи ҳуқуқи инсон дар кишвар ба манфиати иқтисодии он мебошад. Фикри Шумо дар ин бора чӣ гуна аст?

Эмомалӣ Насриддинзода: Андеша дорам, ки мақсади асосии ҳар як кишвар ва роҳбарияти он таъмини шароити хуби ҳаёт барои сокинонаш мебошад. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти олии он низ пайваста талош менамояд, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз давлати худ ифтихор кунад, бо тоҷикистонӣ будани худ болад, шароити беҳтарини зиндагиро дошта бошад, дар сатҳи байналмилалӣ кишвари маҳбубамонро муаррифӣ намояд.

Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат дар суханрониҳои худ пайваста ба мардуми шарифи кишвар бо муроҷиат мегўянд, ки «коре кунем, то ба наслҳои оянда як мамлакати пешрафта ва обод ба мерос гузорем».

Ин пайкорҳои ояндабинонаи Сарвари давлат ифодагари манфиатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии мардуми Тоҷикистон мебошанд.

 

Шукӯҳи ДАЛЕР,

АМИТ «Ховар»

 

P.S. Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар маҷмӯи масъалаҳои зиёди ҳуқуқӣ, сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар бар мегирад. Ин санади байналхалқӣ имрӯз ба зиёда аз 500 забони дунё тарҷума ва нашр шуда, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» шомил гардидааст. Матни пурраи эъломия бо забони тоҷикӣ дар сомонаи расмии Созмони Милали Муттаҳид ҷойгир карда шудааст.

Соли 1966 ҷоизаи СММ дар самти ҳуқуқи инсон таъсис дода шуд, ки барои корҳои дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон анҷомдодашуда ба як нафар ё ин ки ба як ширкат дода мешавад. Ин ҷоиза дар панҷ сол як мартиба супорида мешавад ва аввалин  маротиба он ба муносибати 20-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар соли 1968 тақдим карда шудааст.

 

Декабрь 10, 2017 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Гумрукчиёни тоҷик дар Суғд беш аз 500 ҳазор дона маводи тарфгариро ошкор намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баррасӣ шуданд
Масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуданд
Пойгоҳҳои базавии мустақил — барои корхонаю фабрикаҳо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад