ОБУ ҲАВО: рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ДУШАНБЕ, 30.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 30 декабр дар бештари минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳаво софу беғубор гашта, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ сардшавии ҳаво дар назар аст.
Тибқи иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-7 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 30 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво рӯзона 11-16 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво офтобӣ гашта, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5 дараҷа хунук ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 5 дараҷа сард ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе низ ҳавои офтобӣ пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






