Сохтори зиддитеррористии минтақавии СҲШ (СЗТМ СҲШ) барои ҳамкорӣ дар роҳи муттаҳидкунии кўшишҳои байналмилалӣ дар мубориза бар зидди терроризм ҳама вақт омода аст

Декабрь 9, 2017 09:48

ДУШАНБЕ, 09.12.2017 /АМИТ «Ховар». Кумитаи иҷроияи Сохтори зиддитеррористии минтақавии  СҲШ органи  доимоамалкунанда  мебошад. Ситоди  ташкилот   дар  пойтахти  Ҷумҳурии  Ўзбекистон – шаҳри Тошканд   қарор  дорад.

Санадҳои роҳбарикунандаи  онро  муқаррароти Хартияи  СҲШ, Конвенсияи  Шанхай оид  ба мубориза  бар  зидди  терроризм, сепаратизм  ва  экстремизм, Созишнома  байни  кишварҳои  узв  дар бораи  сохтори зиддитеррористии   минтақавӣ,  инчунин  санаду қарорҳои  дигари  дар доираи  СҲШ  қабулгардида  ташкил  медиҳанд.

Дар мавриди масъалаҳои  мубориза бар  зидди  терроризм, сепаратизм  ва  экстремизм  дар доираи  СҲШ рўзноманигори  «Народная  газета» бо директори  Комиҷроияи он  Евгений СИСОЕВ мулоқот намуд.

-Тибқи  санадҳои оинномавӣ, Сохтори зиддитеррористии минтақавӣ  (СЗТМ) органи  махсус  гардонидашудаи  доимоамалкунандаи СҲШ дар  соҳаи мубориза  бо  терроризм,  сепаратизм  ва  экстремизм  ба  ҳисоб  меравад. Он барои ҳамоҳанг  кардани ҳамкории  мақомоти  салоҳиятдори  кишварҳои  узви СҲШ мусоидат менамояд. Ин  сохтор кадом механизмҳои  амалии  ҳамкории  зиддитеррористиро  истифода мекунад? Кадом  муваффақиятҳо  дар  ин  самт  ба даст оварда шудааст?

Ташаккул  ва рушди  СЗТМ, аз як  тараф, бо  зарурати  ташкили заминаи  институтсионалӣ  ва ҳуқуқии  кишварҳо  дар  масъалаи  мубориза  бо терроризм, сепаратизм  ва  экстремизм,  аз тарафи  дигар —  бо таъмини  вокуниши  саривақтӣ  ба  таҳдиду  хатарҳои нави амниятии  кишварҳои  узви  СҲШ  вобастагӣ  дорад.

Солҳои сипаригашта  аз   оғози  фаъолияти   СЗТМ   нишон  медиҳанд, ки ташкилот   аз  уҳдаи  иҷрои вазифаҳои  оинномавиаш  бо  муваффақият  баромада истодааст. Оид ба  ин  дар саммитҳои   сарони кишварҳои  узви  СҲШ,  инчунин  Қатъномаи  СММ  № 71/14  аз 21  ноябри  соли 2016  борҳо чунин зикр гардидааст: «СҲШ ба ташкилоти  муҳими  минтақавӣ   барои  баррасии  масоили  амниятӣ  дар ҳама  ҷанбаҳояш табдил  ёфтааст».

Фаъолияти  муассири  ду  органи СЗТМ СҲШ – Шўро ва Кумитаи  иҷроия  ва заминаҳои  ҳуқуқии  аз  тарафи  онҳо  ташкилшуда  имрўз  пуртаъсир гузаронидани   чорабиниҳои якҷояи  ташкилӣ, фаврӣ —  ҷустуҷўӣ, профилактикӣ ва ғайраи мақомоти  салоҳиятдори  кишварҳои  узвро  таъмин  менамояд. Конвенсияи  СҲШ  дар  хусуси муқовимат ба экстремизм,  ки моҳи июни  соли  2017 дар  шаҳри  Остона  қабул  гардидааст, ба  муттаҳид  кардани  кўшишҳо  барои  ғайрирадикализатсия гардонидани   аҳолӣ,  пешгирӣ кардани   паҳншавии  ғояҳои  терроризм  даъват  мекунад. Барномаҳои  сесола  коркард  гардида, гурӯҳҳои коршиносони  доимӣ  аз рўи масъалаҳои ҳуқуқӣ, техникӣ, табодули иттилооти  фаврӣ, қатъи  истифодаи  Интернет бо  мақсадҳои  террористӣ,  сепаратистӣ  ва экстремистӣ,  ҳамкории  марзӣ   ташкил дода шудаанд.

Коркарди  чорабиниҳои  якҷоя оид  ба  муқовимат  ба таҳдидҳои  аз  ҷониби ташкилоти  террористии  «Давлати Исломӣ»  бароянда; рафтуомади  ашхос   ба манотиқи  фаъоли  ташкилотҳои  байналмилалии  террористӣ; пешгирӣ  ва  қатъи  истифодаи  шабакаҳои  компютерӣ аз  тарафи экстремистон; профилактикаи  истифодаи  террористони  интиҳорӣ  ва паҳнкунии ғояҳои  радикалии  динӣ  дар қаламрави  кишварҳои узви  СҲШ  ва ғайра  натиҷаҳои   фаъолияти   ин  гурўҳҳо  мебошанд.

Ҳамаи  ин  барои  таҳкими   ҳамкории  мутақобилаи  мақомоти   салоҳиятдори  кишварҳои  узви  СҲШ  ҳангоми   гузаронидани   чорабиниҳои   зиддитерростӣ  мусоидат менамояд. Чунончи, соли  2016  аз  тарафи  Хадамоти  Федералии  бехатарии  Россия  дар  ҳамкорӣ   бо  ҳамкасбони  тоҷику  қирғиз дар шаҳрҳои  Москва,  Санкт – Петербург, Екатеринбург  ва Нижний  Новгород  дар  ҳолати  омодагӣ  ба  содир  намудан  40  ҷинояти  дорои характери  террористӣ   пешгирӣ  ва қатъ карда шуданд. Аз тарафи мақомоти   салоҳиятдори  Қазоқистон, Қирғизистон   ва  Россия  фаъолияти  гурӯҳи ташкилоти  террористии  байналмилалии  Давлати  Исломӣ,  ки мақсади  дар  кишварҳои  узви  СҲШ  гузаронидани амалҳои  террористиро  доштанд, пешгирӣ  ва қатъ карда шуд. Аз тарафи  шарикони  қазоқистонӣ 5 узви дар  ҷустуҷўбудаи  ташкилоти  байналмилалии  террористӣ супорида шуд,  дар  Қирғизистон  ва Россия  14 террористи дигар дастгир  гардиданд.

Дар натиҷаи  ҳамкории  зичи хадамоти  махсуси  Чин  ва  Қирғизистон амали  террористии  30  августи  соли  2016  нисбат ба  кормандони  сафоратхонаи  Ҷумҳурии Мардумии Чин дар  Бишкек  суратгирифта  тафтиш  карда шуд. Бо кўшишҳои якҷояи  хадамоти  махсуси  Тоҷикистон ва Россия дар қаламрави  Россия  якчанд узви  ячейкаҳои  террористии  «Ансоруллоҳ»  муайян,  дастгир  ва ба Тоҷикистон  истирдод карда  шуданд. Аз тарафи мақомоти   салоҳиятдори  Ўзбекистон  ва  Россия каналҳои  интиқоли рекрутҳо (сарбозони  маҷбурӣ)  ба  ташкилотҳои  террористии  байналмилалӣ  ва легализатсияи  ҷангиён —  террористон  дар  кишвари  интиқолдиҳанда  муайян ва  қатъ карда шуданд.

Хуруҷи  200   нафар ба хориҷа  барои  пайвастан ба  ташкилотҳои террористии  байналмилалӣ  пешгирӣ  гардид, суратҳисоби  2 ҳазор  ашхоси  ба  маблағгузории  терроризм  дастдошта  баста  шуд, 10000 нафар  аз дастрасӣ  ба Интернет – захираҳо  маҳрум карда шуданд. Ҷустуҷўи шахсони ба  терроризм  гумонбар  идома  дорад,  ҳамаи  онҳо ба реестри  Ягонаи  ҷустуҷўии  СЗТМ  СҲШ  дохил  мебошанд.  Ҳамасола  машқҳои  якҷояи  зиддтеррористӣ гузаронида  мешаванд.

Барои таъмини  бехатарии  чорабиниҳои  бузурги  байналмилалӣ  механизми  махсуси  ҳамоҳангкунанда ташкил ёфтааст,  ки  бори аввал ҳангоми  бозиҳои  олимпии дар Чин доиргардида,  имтиҳон карда  шуд. Ҳамкориҳои  сарҳадӣ   таҳкими устувор  ёфта, амалиёти  якҷояи  сарҳадӣ  гузаронида   мешаванд.  Дар  саммити  сарони кишварҳои  узви  СҲШ  дар шаҳри  Уфа  доиргардида Созишнома  оид  ба  ҳамкории  кишварҳои  узв  аз рўи  масъалаҳои  сарҳадӣ  ба  имзо расид.

-Амалҳои  террористии  ду  соли охир  дар  ИМА  ба  вуқӯъ  пайваста  баръало нишон  медиҳанд, ки  оқибатҳои  манфии  ҷанги  Сурия  берун  аз  қаламрави  он  паҳн мешаванд. То  чӣ  андоза раванди ташаккули вазъият  дар минтақаи  Ироқу  Сурия  ба ҳолати  бехатарии  минтақаи  СҲШ  таъсир мерасонад? 

Муддати дароз буд, ки қисмати зиёди қаламрави Сурия  зери  назорати  «Давлати Исломӣ», «Ҷабҳат ан — Нусра»  ва ташкилотҳои дигари террористии  байналмилалӣ  қарор  дошт. Дар ҳайати  гурӯҳҳои онҳо  дар  шароити  ҷангӣ зиёда  аз  20 000 нафар шаҳрвандон аз Аврупо, Шарқи  Наздик, Осиёи Ҷанубу – Шарқӣ размида,  таҷриба  гирифтанд.       

  Имрӯзҳо дар пасманзари шикасти худ дар Сурия Созмони байналмиллалии террористии «Давлати исломӣ» кӯшиш намуда истодааст, то фаъолияти террористии худро ба дигар давлату минтақаҳо интиқол диҳад. Созмон барои иҷрои ин табдир аз неруи ташкилотҳои маҳаллии террористӣ ва террористони алоҳида истифода намуданро созгор меҳисобад, мехоҳад ин кӯшишҳояш дар ҳудуди кишварҳои аъзои СҲШ низ пайи амалишавӣ бошанд.

Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СҲШ даҳҳо манбаъҳои интиқоли неру ба минтақаи низои Сурия ошкор шуданд.

Баҳисобгирии фаврӣ ташкил шуда, рӯйхати ҷанговарону террористони  хориҷӣ амал мекунад.

Мубодилаи маълумоти огоҳкунанда оид ба фаъолияти сохторҳои террористии «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ан-нусра», «Ҳизби таҳрир», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ» ва ғайраҳо ба роҳ монда шудааст. Кӯшишҳои дастаҷамъӣ ҷиҳати безараргардонии ячейкаҳои онҳо дар ҳудуди кишварҳои аъзои СҲШ амалӣ мешаванд.

Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ тамоми хатару таҳдидро мавриди инобат қарор медиҳад ва омода аст ба онҳо  муқовимат нишон диҳад.

— Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», ки сентябри соли 2015 амалиёти террористӣ содир карда буд, акнун ба сифати ташкилоти террористиву экстремистӣ шинохта мешавад. Оё мавриди робитаи ҲНИТ бо СТЭ «Давлати исломӣ» ягон далел арзи вуҷуд мекунад?

— Мувофиқ ба маълумоти аз манбаъҳои мӯътамади Тоҷикистон ба даст омада, ТТЭ ҲНИТ на танҳо ба созмон додани амалҳои террористӣ ва бурдани фаъолияти террористӣ машғул будааст, балки бо «Давлати исломӣ», «Бародарони мусалмон», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҳизби таҳрир», «Ҳаракати толибон», «Ҳаракати исломии Туркистон» ва ғ. робитаҳои қарин барқарор дорад.

Давоми фаъолияти худ дар Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти СТЭ ҲНИТ ҳудуди 500 ҷавон ба марказҳои террористии хориҷӣ фиристода шуда буданд.

Бештарини онҳо аъзои фаъоли созмонҳои террористиву экстремистӣ маҳсуб меёбанд. Мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон ошкор кардаанд, ки «Ансоруллоҳ» қаноти ҳарбии СТЭ ҲНИТ аст.

Далели ин гуфтаҳо метавонад теъдоди иштирокчиёни ҷангҳои Сурия аз Тоҷикистон бошад, ки аз 1000 нафари маҷмӯӣ 521 нафарашонро аъзои СТЭ ҲНИТ ташкил медиҳанд.

Мақомоти қудратии Тоҷикистон якчанд ҳолатҳои дар якҷоягӣ бо аҳли оилаашон равонаи Сурия гардидани аъзои ҲНИТ-ро пешгирӣ кардаанд. Моҳи августи соли 2015 роҳбари ячейкаи СТЭ ҲНИТ К.Маннонов барои таблиғи идеологияи «Давлати исломӣ» ва овехтани байрақи он дар ҳудуди шаҳри Норак боздошт гардида буд.

Безараргардонии фаъолияти террористиву экстремистии ҲНИТ ба кам шудани теъдоди иштирокчиёни муҳорибаҳои «Давлати исломӣ» аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат намуд.

— Муносиботи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ бо сохторҳои ҳамсони дигар ташкилотҳои байналмилалӣ чи гуна густариш меёбанд?

— Алоқаҳои босамар бо СММ дар доираи Ассамблеяи генералӣ, ки ноябри соли 2016 чорабинии махсус «СММ ва СҲШ: муқовимати якҷоя бар таҳдиду хатарҳо» баргузор шуда буд, ба роҳ монда шудаанд.

Дар конфронсҳои илмӣ-амалии ҳамасолаи Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ одатан ҳаммаслакони байналмилалии мо ширкат мекунанд.

Дар конфронси навбатии илмӣ-амалии Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ «мубориза бо терроризм- ҳамкорӣ бидуни марз», ки 1-2 ноябри соли 2017 дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, 8 давлати аъзои СҲШ ва 4 кишвари назоратчӣ назди СҲШ, 7 сохтори тахассусии  СММ ва 6 ташкилоти байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Айни замон ҳамкории Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ бо Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои бехатарии СММ, Интерпол, Гурӯҳи авруосиёии муқовимат ба қонунигардонии фоидаи аз роҳи ҷиноят ба дастомада ва сармоягузории терроризм, Шӯрои СААД, Маркази зиддитеррористии кишварҳои аъзои ИДМ, Хадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии кишварҳои ИДМ, Маркази маълумотиву ҳамоҳангсозии минтақавии авруосиёии оид ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, Шӯрои ҷаласа оид ба робитаҳои мутақобила ва андозаҳои боварӣ дар Осиё, ҳамчунин ба имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ  бо Маркази Африқоии омӯзиш ва таҳқиқи терроризм дар назар дошта шудааст.

Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ҳамеша барои гуфтугӯ ва ҳамкорӣ дар бахши мутаҳҳидсозии неруҳои байналмилалӣ оид ба мубориза бо хатари умумиву ҷаҳонӣ — терроризм омода аст.

 

 

 

Декабрь 9, 2017 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод дар мавзуи хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамоиши ҷавонон доир шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» ҷамъбаст гардид
Вобаста ба мавзуи ҳифзи сирри давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма машварати омӯзишӣ доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфи соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Брюссел дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба аъзои беҳтарини Лигаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол доир гардид
Ҳунармандони Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон масоили мубориза бо экстремизм ва терроризм баррасӣ шуд
Барои хизматчиёни давлатӣ машғулияти такмили ихтисос гузаронида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
Дар Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир конференсия баргузор гардид