Сокинони шаҳри Норак нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро сармашқи зиндагии хеш қарор додаанд

Декабрь 27, 2017 11:15

НОРАК, 27.12.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Сокинони шаҳри Норак Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дилгармӣ қабул намуда,  нуктаҳои асосии онро сармашқи зиндагии хеш қарор додаанд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр  Ҳабиба Сафарова мегӯяд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ҷузъи муҳими стратегияи давлатдорӣ ва дастуруламали босамари фаъолияти давлат дар самти сиёсати дохилию хориҷӣ маҳсуб мешавад. Он доираи фарохи масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар бар гирифта, самти ҳаракати давлатро барои солҳои оянда муайян менамояд.

Бояд зикр намуд, ки Президенти ҷумҳурӣ дар ҳар як Паём ба тарбияи ҷавонон диққати махсус дода, зикр менамоянд, ки ҷавонон ба сифати як неруи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навини мо шинохта ва эътироф шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавон буда, синни миёнаи аҳолӣ 24 сол ва 70 дарсади сокинони онро шахсони то 30-сола ташкил медиҳанд. Бо назардошти ин, Ҳукумат дар самти бартараф намудани падидаҳои номатлуб миёни ҷавонон як зумра иқдомҳоро амалӣ намудааст, ки баҳри фароҳам овардани фазои мусоиди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ва рушди онҳо нақши меҳварӣ бозидааст.

Мудири бахши иқтисод ва савдои шаҳри Норак Идибек Султонов иброз намуд, ки «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки дар сохтори Академияи илмҳо Маркази тадқиқоти технологияи инноватсионӣ таъсис дода шуда, донишмандони техникаву технология, ҷавонони болаёқат ва ихтироъкор ба корҳои илмиву пажӯҳишӣ ҳар чи бештар ҷалб карда шаванд. Мо, ҷавонон  иқдоми таъсиси чунин Марказро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем, зеро он метавонад дар оянда барои баланд бардоштани шаъну шарафи кишвар мусоидат намояд. Ҷавонони ватандӯсту лаёқатманд метавонанд дар оянда ҳамчун кадрҳои арзандаи кишвари соҳибистиқлоламон ба воя расанд ва дар арсаи илми муосир нақши калидӣ дошта бошанд».

 

Декабрь 27, 2017 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад