ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 17декабр, якшанбе, 351-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 14 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Декабрь 17, 2017 09:15

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

17 декабри соли 2012 дар Туркия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони доктори  фахрии риштаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи Мавлоно сарфароз гардонида шуданд.

***

17 декабри соли гузашта сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон бо маросими истиқболи бошукӯҳи расмӣ дар назди қасри Раштрапати Бҳавани Президенти ин кишвар оғоз ёфт. Зимни ворид шудани меҳмони олимақом- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даромадгоҳи қаср тибқи муқаррароти расмии сафарҳои давлатӣ аз тӯпхонаҳо 21 шиллик парронда шуд.

***

8 сол пеш аз ин, 17 декабри соли 2009 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи комиссияи доимоамалкунандаи буҷавӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Россия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ: ҷиҳатҳои сиёсӣ ва иқтисодию башардӯстонаи ҳамгироии АвруОсиё» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.

17 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи кинои Беларус.

***

Дар Қазоқистон – Рӯзи энергетика.

***

Дар  Бутан- Рӯзи миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

17 декабри соли 2012 дар Туркия Ёддошти тафоҳуми Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ва ширкати Кока-колаи Туркия доир ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

3 сол пеш аз ин, 17 декабри соли 2014 дар шаҳри Душанбе  дар мавзӯи «Саҳми олимони рус дар омӯзиши таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик» конфронс баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1926 дар Литва табаддулоти давлатӣ ба вуқӯъ омад.

 ***

17 декабри соли 1954 Паймони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ нақшаи истифодаи яроқи ядроиро дар ҳолати зӯроварии  коммунистӣ омода намуд.

 ***

17 декабри соли 1962 Конститутсияи Монако ба амал бароварда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1965 ғафстарин шумораи «Нью-ЙоркТаймс» дар ҳаҷми 964 саҳифа ва вазни 7 килограмм нашр шуд.

 ***

Соли 1986 дар Кембриҷ аввалин маротиба ҷарроҳии дар як вақт аз як кас ба каси дигар гузаронидани дил, ҷигар ва шуш гузаронида шуд.

Декабрь 17, 2017 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш