ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 31 декабр, якшанбе, 365-умин рӯзи соли 2017 аст. Пагоҳ соли нав

Декабрь 31, 2017 08:01

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

31 декабри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти  Федератсияи Россия Дмитрий Медведев гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд. Сарони давлатҳо якдигарро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, ба сатҳи ҳамкории гуногунҷанбаи миёни ду кишвар баҳои баланд доданд.

***

31  декабри  соли  1925 бо қарори  ҳайати раёсати Кумитаи  инқилобии Ҷумҳурии худмухтори  шӯравии  сотсиалистии Тоҷикистон шуъбаи  ТАСС  (Агентии телеграфии  Иттиҳоди  Шӯравӣ)  дар  Тоҷикистон таъсис  ёфта  буд,  ки баъдан шуъба  мақоми Агентии телеграфии  Тоҷикистон (ТоҷикТА)-ро касб  намуд. Ҳоло ТоҷикТА ба Агентии миллии иттилоотии Точикистон «Ховар» -и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйири ном кард ва ҳамчун манбаи расмии иттилоотии Тоҷикистон шинохта шудааст.


3
1 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҷумҳурии Қирғизистон – Рӯзи кормандони хадамоти гумрук.

***

Рӯзи ҳамраъйии озарбойҷониёни тамоми ҷаҳон.


РӮЙДОДҲО:

31 декабри соли 1958  Соли байналмилалии геофизикӣ ба анҷом расид (1 июли соли 1957 оғоз гардида буд).

 

***

57 сол муқаддам, 31 декабри соли 1960 Куба аз Шӯрои амнияти СММ талаб кард, ки  шикояташро дар бораи аз ҷониби ИМА мавриди зӯроварӣ қарор гирифтан дида барояд.

***

Дар ин рӯзи соли 1968 аввалин маротиба дар ҷаҳон парвози санҷишии ҳавопаймои Ту-144 амалӣ карда шуд.

***

31 декабри соли 1998 дар Россия авалин маротиба хати телефонии байнишаҳрии Санкт-Петербург-Москва ба роҳ монда шуд. Маҳз дар Россия хати телефоние пайдо шуд, ки он замон дарозтарин дар тамоми Аврупа меҳсуб меёфт. 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ

Соли 1986 хурдтарин иттифоқи касаба дар ҷаҳон — истеҳсолкунандаи ҷилд ва девораҳо барои маснуоти заргарӣ (дар ҳайаташ як нафар буд) бекор карда шуд.

Декабрь 31, 2017 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш