ТОҶИКИСТОНИЁНРО ДАР СОЛИ 2018 ЧӢ ИНТИЗОР АСТ?

Декабрь 30, 2017 09:01

ДУШАНБЕ, 30.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки соли  2018 барои Тоҷикистон соли  пурфайзу барор ва   хотирмон гардад. Ҳамватанони моро дар ин сол  баргузории  як зумра ҳамоишҳои  сатҳи    баланди давлатию байналмилалӣ, дигаргуниҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ  ва дигар ташаббусҳои созандаву ободгарона дар фаъолияти  давлату Ҳукумати мамлакат интизоранд. Дар ин мавзӯъ АМИТ «Ховар» шарҳи мухтасарро  пешниҳоди хонандагони сомона мегардонад.

Тоҷикистон раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро бар дӯш гирифтааст

Шурӯъ аз 1 январи соли 2018 Тоҷикистон Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро раисӣ менамояд. Дар ин давра масъалаҳои таъмини амният дар сарҳадҳои берунӣ, аз ҷумла, дар сарҳадҳои ҷанубии Иттиҳод, иҷрои пайгиронаи барномаву нақшаҳое, ки дар чаҳорчӯби Иттиҳод ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ қабул гардидаанд, ҳамчунин пешбурди робитаҳои гуманитарӣ дар ИДМ аз самтҳои афзалиятноки раисии Тоҷикистон муайян шудаанд.

Дар мамлакат 5 ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд баргузор мешаванд

Соли 2018 дар Тоҷикистон панҷ ҳамоиши сатҳи баланди давлатию байналмилалӣ баргузор мегарданд.

Пеш аз ҳама, сухан дар бораи саммити сарони давлатҳои узви ИДМ ва Конференсияи байналмилалӣ оид ба оғози «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 меравад.

Ҳамчунин соли оянда дар Душанбе баргузории ҷаласаҳои Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ ва ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар назар дошта шудааст.

Алҳол бо мақсади иҷрои дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ин ҳамоишҳо тадбирҳои таъхирнопазир андешида мешаванд.

Соли 2018  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид

Чун анъана Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.

Бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши ин гуна молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуданд.

Агрегати якуми НБО-и Роғун  мавриди истифода қарор дода мешавад

Тибқи нақша, дар навбати аввал агрегати якуми неругоҳи Роғун охири соли 2018 ва агрегати дуюми он моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, неруи барқи истеҳсолшуда ба низоми энергетикии мамлакат интиқол дода мешавад. Яъне моҳи декабри соли 2018 неругоҳи Роғун ба истеҳсоли неруи барқ оғоз мекунад ва нури Роғун дастраси ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон гашта, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами ниҳоӣ гузошта мешавад.

Неругоҳи барқи обии Роғун ҳам ба манфиати Тоҷикистон ва ҳам ба манфиати кишварҳои минтақа мебошад. Тоҷикистон баъди бунёди ин иншооти муҳими энергетикӣ метавонад барои ҳалли масъалаҳои обу энергетикӣ на танҳо миёни давлатҳои ҳамсоя, балки дар минтақа низ нақши арзишманд дошта бошад. Оби захирашудаи обанборҳои ин неругоҳ имкон фароҳам меорад, ки дар давраҳои хушксолӣ ва камобӣ кишварҳои поёноби минтақа бо об таъмин гарданд.

Аз 1 сентябр музди маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад

Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1 сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабр зимни пешниҳоди Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.

Сарвари давлат, аз ҷумла, зикр карданд, ки музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, инчунин музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад.

Пешвои миллат ҳамчунин зикр карданд, ки «ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад».

Ба  санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ  мораторий эълон карда шуд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллӣ дар давоми ду соли минбаъда мораторий эълон карданд.

Тавре Сарвари давлат иброз доштанд, мутобиқи қонунҳои амалкунанда айни ҳол фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро 78 мақоми санҷишу назорат ва иҷозатдиҳандаву иҷозатномадиҳанда, инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди санҷиш қарор медиҳанд.

«Бо сабаби он ки санҷишҳо асосан нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ татбиқ мегарданд, дар нуҳ моҳи соли 2017 ба ҳар як шахси ҳуқуқии фаъолияткунанда 5 санҷиш рост омадааст», — таъкид намуданд Президенти мамлакат.

Дар пойтахт сохтмони майдончаҳои нави варзишӣ ва гулгаштҳо идома меёбад

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки соли 2018 барои наврасону ҷавонон боз 90 адад майдонҳои варзишӣ ва гулгаштҳои нав сохта, то ҷашни истиқлолият ба истифода супорад.

Хотиррасон менамоем, ки бо мақсади оммавигардонии варзиш ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон соли 2017 дар шаҳри Душанбе 75 майдону марказҳои хурду бузурги варзишӣ бунёд гардида, дар аксари гулгаштҳо ва боғҳои фароғату истироҳат ҷойҳои алоҳидаи машқу тамрин сохта шуданд.

Афзоиши воқеии ММД дар Тоҷикистон 7% -ро ташкил медиҳад

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 афзоиши воқеии ММД-ро то 7 % дар назар дорад.

Тибқи пешгӯии Вазорати мазкур, аз рӯи нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, соли 2018 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 66, 6 млрд. сомонӣ (зиёда аз $7,5 млрд. мувофиқи қурби расмии асъори имрӯза)-ро ташкил медиҳад.

Таъсиси 110 ҳазор ҷойи кори доимӣ

Дар давоми соли 2018 дар ҷумҳурӣ таъсиси 110 ҳазор ҷойи кори доимӣ, бахусус барои занону ҷавонон пешбинӣ шудааст.

Бо ин мақсад Сарвари давлат ба сохторҳои марбута супориш доданд, ки масъалаи шуғли аъзои ҳар як оилаи кишварро таҳлил карда, ҷалби онҳоро ба соҳаи кишоварзӣ, корҳои хонагӣ, косибӣ, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин корҳои мавсимӣ ва хизматрасонӣ таъмин созанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин масъулини соҳаро ҷиҳати ба роҳ мондани касбомӯзии калонсолон, ташкил намудани марказҳои касбомӯзӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ вазифадор намуданд.

«Соли 2017-ум 135 ҳазор ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ ташкил шудаанд, ки ин мушкилоти нарасидани ҷойҳои кориро дар мамлакат ҳал карда наметавонад»,- таъкид намуданд Президенти мамлакат.

«Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2022» татбиқ мегардад

Амалӣ гардидани барномаи мазкур мушкилоти ҷойдоштаро бартараф намуда, фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо, театрҳо ва марказҳои фарҳангиро беҳтар мегардонад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бояд аҳли ҷомеа ба ин муассисаҳо ҳарчи бештар ҷалб шаванд ва бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон, яъне насли ояндасози миллат ва рушди фарҳанги миллӣ метавон такони ҷиддӣ бахшид.

Соли 2018  дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Соли фарҳанг эълон гардидааст

Бо қарори Шӯрои сарони давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ соли 2018 дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Соли фарҳанг эълон гардид. Ин қарор 16 сентябри соли 2016 дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо- аъзои ИДМ дар Бишкек (Ҷумҳурии Қирғизистон ) қабул шуда буд.

Доир ба ин масъала аз ҷониби ҳукуматҳои давлатҳо — иштирокчиёни ИДМ, сохторҳои дахлдор ва Шӯрои байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ нақшаи чорабиниҳо оид ба Соли фарҳанг дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои соли 2018 тасдиқ гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви ин иттиҳод ва раиси он барои амалӣ намудани ин нақшаи чорабиниҳо нақши муҳим мегузорад.

970- солагии донишманди бузург Умари Хайём ҷашн гирифта мешавад

Дар соли 2018 бо қарори ЮНЕСКО дар тамоми ҷаҳон 970- солагии донишманди бузург, файласуф, риёзидон, мунаҷҷим ва шоири тоҷику форс Умари Хайём ҷашн гирифта мешавад. Умари Хайём 18 майи соли 1048 дар Эрон таваллуд шуда, дар риёзиёт, улуми адабӣ, динӣ ва таърихӣ устод буд. Хайём бахусус дар ҳалли муодилоти дараҷаи сеюм дар илми риёзиёт нақши сазовор гузошта, номи ӯ ҳамчун риёзидони барҷаста дар таърихи илм сабт гардидааст.

Зиёда аз нуҳсад сол мешавад, ки ному осор ва фалсафаи Умари Хайём диққати ҷаҳониёнро ба худ мекашад. Метавон як силсила алоқамандони тарҷума ва таҳқиқи осори Умари Хайёмро ном бурд, ки онҳо умри хеш сарфи омӯзиши зиндагинома ва рубоиёти Умари Хайём гардонидаанд. Аз ҷумла, К. Балмонт, И. Тхоржевский, Л. Некора, О. Румер, А. Старостин, С. Липкин, М. Ватагин,Т. Спендиарова, Г. Плисетский, Г. Семёнов, Н. Стрежков, В. Зайтсев, С. Бону, К. Арсенева, Д. Седих, В. Микрюков, А. Ревич, В. Державин, М. Синелников, Н. Орлова, А. Кушнев, А. Шербаков, И. Селвинский, Л. Пенковский ва даҳҳо дигарон.

Соли 2007 тарҷумаи сад рубоии Умари Хайём дар баргардони Валерий Ярмак нашр шуд. Ин дастпарвари Донишгоҳи Швейсария (шаҳри Сюрих), донандаи чандин забонҳои дунё, аз ҷумла, тоҷикӣ ва корманди Кумитаи байналмилалии Ҳилоли Аҳмар (Женева) ба тарҷумаи рубоиёти Умари Хайём аз забони тоҷикӣ ба русӣ пардохт.

Соли 2018  бо дастгирии СММ  идома меёбанд:

Солҳои 2016-2025 – Даҳсолаи амали СММ оид ба масъалаи ғизо; Солҳои 2014-2024 – Даҳсолаи таҳкими энергия барои ҳама;

Солҳои 2013-2022 — Даҳсолаи байналмилалии наздикшавии фарҳангҳо;

Солҳои 2011-2020 — Даҳсолаи гуногунии биологии СММ;

Солҳои 2011–2020 — Даҳсолаи амал барои бехатарии ҳаракат дар роҳ;

Солҳои 2010–2020 – Даҳсолаи СММ бахшида ба биёбонҳо ва мубориза бар зидди биёбоншавӣ.

 

Декабрь 30, 2017 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ багузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид