“ЗАРУР АСТ, КИ ҲУНАРҲОИ ҚАДИМАИ МАРДУМИ ХУДРО ТАРҒИБ КУНЕМ ВА БА МАЪРАЗИ ҶАҲОНИЁН ГУЗОРЕМ”. Андешаҳо перомуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Декабрь 23, 2017 11:38

ДУШАНБЕ, 23.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 22 декабри соли 2017 дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро  “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.

Дар Паёми худ Пешвои миллат самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ  андешаҳои чанд нафар аз шахсони шинохтаи кишварро пешкаши хонандагон мегардонад:

Шермуҳаммад ШОҲИЁН, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-Мавзӯи аввале, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матраҳ гардид, ин масъалаҳои вобаста ба таъмини амният, сулҳу субот бо назардошти вазъи мураккабу ноороми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа буд. Тавре маълум аст, кишвари мо дар як минтақаи то дараҷае мураккаб, яъне ҳамсоякишвари Афғонистон, ки дар он ҷо солҳои тӯлонӣ нооромӣ ҳукмфармост ва дар он гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба ҳам гирд омадаанд,  қарор дорад.  Ин масъалаи ҷиддӣ, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хориҷии давлати мо ба пуррагӣ ва возеҳу равшан аз ҷониби Сарварии давлат иброз гардиданд.

Дар қисмати дигари Паём таҳлили пурраи фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, бахусус масъалаҳои вобаста ба амалисозии ҳадафҳои стратегии давлат, нақшаҳое, ки дар назди мардуми Тоҷикистон ва кишвари мо истодаанд,  ба пуррагӣ иброз гардиданд.

Ҳамчунин як қисмати Паём ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, махсусан ҷиноятҳои трансмиллӣ, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд, бахшида шуд.

Дар маҷмӯъ, ман фикр мекунам, ки Паёми навбатӣ низ чун паёмҳои қаблӣ як барнома ва нақшаи муккамали фаъолият барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлумон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба ҳисоб меравад ва он вазифаҳое, ки аз ҷониби Сарвари давлат дар назди сохтору мақомотҳо ва мардуми тоҷик гузошта шуд, мо имконият дорем, ки ҳамаи онҳоро  сарбаландона амалӣ созем.

Абдумаҷид ДОСТИЕВ,  ходими сиёсӣ ва давлатӣ:

-Ҳар як Паёми Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин бозгӯи  саҳифаҳои таърих аст. Масалан, агар мо паёмҳои солҳои пешинро варақгардон кунем, дар он зина ба зина тараққиёту пешрафту бурдбориҳои давлату миллат ба таври возеҳу равшан дарҷ гардидаанд. Дар ҳақиқат омӯхтани таърихи 26-солаи Тоҷикистони соҳибистиқлол барои ҳар як фард, хусусан ба ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, зарур мебошад. Боиси хурсандӣ аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар Паёмашон аз дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламон мужда мерасонанд. Албатта, ин ҳама дастовардҳо  дар натиҷаи сулҳу ваҳдат ва ин сулҳу ваҳдат бо заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

Саттор ТУРСУН, Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ:

-Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол ҳам мисли солҳои пешин бисёр пурмуҳтаво буд ва дар он муайян гардид, ки минбаъд барои мардум чӣ корҳоро бояд кард ва мардум ҳам бояд барои ободии Ватан чӣ корҳоро бояд анҷом диҳад. Аз ҳама муҳимтарин масъалае, ки дар Паём баён гардид, ин ҷиҳати инсонгароӣ, яъне рӯзгору саломатии инсон, рушди маданияту фарҳанги миллат ва илму маориф мебошад. Ба соҳибкорон ҳам сабукиҳо дода шуд. Ғайр аз ин Роҳбари давлат барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишварамон, ки воқеан як мулки биҳиштосо аст,  Соли 2018-ро соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.

Барои ман ниҳоят хурсандиовар аст, ки Соли 2018 на фақат соли рушди сайёҳӣ, балки соли рушди ҳунарҳои мардумӣ низ эълон гардид. Воқеан ҳам тоҷикон дар касбу ҳунар, фарҳанг, илм мардуми беназиранд. Мебинем, ки баъзе мамлакатҳо ё миллатҳо, ки дар он ҷойҳо кадом вақте гурӯҳи хурди тоҷикон зиндагӣ кардааст, истифода намуда, ҳунарҳои мардуми моро аз худ карда намоиш медиҳанд. Барои мо бисёр зарур аст, ки ҳунарҳои қадимаи мардуми худро тарғибу ташвиқ кунем, ба маърази ҷаҳониён гузорем. Зеро ин иқдомот барои шинохти миллат миёни ҷаҳониён бисёр муҳим аст.

Фарҳод РАҲИМӢ,  президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик:

  -Он супоришҳое, ки Пешвои миллат доданд, барои боз ҳам беҳтар шудани вазъи иҷтимоии мардум нигаронида шудаанд, ки ман боварии комил дорам, ки ба рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат менамоянд.

Дар Паём ба олимони Академияи илмҳо ва зиёиён супоришҳо дода шуд, ки дар мавриди омӯзиши захираҳои пиряхҳо мониторинги доимиро ба роҳ монанд, то тавонем доир ба ин ва масъалаи дигари вобаста ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба гуногунии биологии кишвар, инчунин ба олами набототу ҳайвонот корҳои илмию таҳқиқотӣ гузаронем. Пешвои миллат бори дигар таъкид карданд, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сунатии мардуми тоҷик яке аз самтҳои асосии сиёсати пешгирифтаи давлат аст ва дар ин самт тамоми зиёиён ва аҳли илму фарҳанг саҳмгузорӣ кунанд. Ҳамзамон дар омӯзиши таърих ва дастовардҳои даврони истиқлолият корҳои илмию тадқиқотӣ ба роҳ монда шавад. Ман фикр мекунам, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як дастур ва оғози марҳилаи нави рушд дар кишвар ба ҳисоб меравад.

 

 

 

 

Декабрь 23, 2017 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад