Аскар Нурализода ба муҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум гардид
ДУШАНБЕ, 23.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ҳукми Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе собиқ муовини сардори Сарраёсат-сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатӣ-сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскар Нурализода бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои «а», «в», «г»-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 сол бо адо намудани ҷазо дар муассисаи ислоҳии дорои низоми пурзӯр бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба муҳлати 5 сол таъйин гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, номбурда барои он айбдор дониста шудааст, ки ӯ дар вазифаи муовини сардори Сарраёсат, сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатӣ- сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, барои дохил намудани лоиҳаи сохтмони гармхона дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ба «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2016-2020» аз шаҳрванд Д. Олимов моҳи январи соли 2015 ба маблағи 4000 доллари ИМА ва 5107 сомонӣ, аз шаҳрванд Ш. Сангинов моҳи июни соли 2017 барои дохил намудани лоиҳаи бунёди боғ ба маблағи 20.000 сомонӣ гирифтааст.
Ғайр аз ин, ӯ кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, барои дохил намудани лоиҳаи ташкил ва рушди соҳаи мурғпарварӣ дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ ба «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2016-2020» аз шаҳрванд Н. Абдураҳимов дар давоми солҳои 2014-2017 дар якчанд ҳолат маблағи 513.000 доллари ИМА ва 32000 сомонӣ гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки 28 сентябри соли 2017 Аскар Нурализода ҳангоми аз шаҳрванд Н. Абдураҳимов гирифтани маблағи 490.000 доллари ИМА дар назди тарабхонаи «Афсона», воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир гардида, маблағи 490.000 доллари ИМА аз ӯ дарёфт карда, гирифта шуд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






